Нашрияи Омӯзгор

Рушди фанҳои табиатшиносӣ ва иқтисодиёти рақамӣ

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 121        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи илми тоҷик ва ҳафтаи илм дар донишгоҳ конфронси анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ» баргузор гардид.

Ҷаласаи мавзӯии конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён, донишмандон ва аҳли маорифи кишвар бо мақсади пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, илму техника, тақвияти тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон, технологияҳои муосири таълимиву инноватсионӣ, робитаи ногусастании илм бо истеҳсолот, мутобиқгардонии сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоятро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ироа намуд. Дар идома аз ҷониби олимону устодон перомуни дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар рушди илм ва инноватсия, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, мавқеи фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ, масоили иқтисодиёти рақамӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши саноат дар рушди иқтисодиёти вилояти Суғд гузоришоти илмӣ пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конфронси илмию амалии «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ» дар бахшҳои алоҳида идома кард ва дар 28 бахш беш аз 630 мақола мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш