Нашрияи Омӯзгор

Терроризм ва амнияти байналхалқӣ

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 116        Шарҳ: 0

 

Дар олами муосир терроризм ба яке аз масъалаҳои актуалӣ табдил ёфтааст. Терроризм таърихи куҳан дошта бошад ҳам, мафҳуми он то ба ҳол норавшану нофаҳмо боқӣ мондааст.

Норавшании ин мафҳум аз он аст, ки ҳар муҳаққиқ масъаларо вобаста ба манфиатҳо ҳар гуна маънидод менамояд. Ин сатҳи муносибат метавонад мушкилиро баҳри пешгирии ин амали номатлуб пеш оварад. Терроризм ҳамчун хатар ба амнияти давлатӣ, минтақавӣ ва ҳатто байналхалқӣ дониста мешавад. Яке аз мушкилоти олами муосирро дарёфти роҳи пешгирии терроризм ташкил медиҳад. Гарчанде барои ҳалли ин масъала роҳу воситаҳои зиёдеро ба кор мебаранд, аммо  то ҳол натиҷаи дилхоҳе ба даст наомадааст.

Терроризм ҳамчун амали канора ва иртиҷоӣ бо худ марг, фишор, суиқасд, таҳдид, зӯроварӣ, куштор ва монанди инҳоро доро мебошад. Рӯзмарра гардидани масъалаи терроризм аз ҳодисаҳои 11 – сентябри соли 2001 оғоз меёбад. Ба амал омадани ин ҳодисаи мудҳиш тавонист ҷомеаи ҷаҳониро ба ларзиш оварад. Баъд аз ин ҳодиса инсонҳо дар симои терроризм эҳсоси хатар ба амнияти худи инсон ва  кишварҳою минтақаҳоро медиданд. Ҷомеаи ҷаҳон аллакай дарк кард, ки ба мушкилоти гароне рӯ ба рӯ гардидааст, чунки амнияти байналхалқӣ зери хатар аст.

«Терроризм ин шакли  экстремизми сиёсӣ ва зӯроварии системанок аз ҷониби неруҳои сиёсӣ дар нисбат ба дигар субъектҳои сиёсӣ ва идоракунӣ мебошад. Дар сиёсат дар лаҳзаҳои бештар зиддиятнок ва муборизаи шадид истифода мешавад ва барои ин ё он таркибот ё ҳаракати сиёсӣ хатарнок аст». (Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ.III. Душанбе, 2015. С. 245) Терроризм ё амалҳои террористӣ мақсади асосӣ нестанд. Он воситаест дар раванди амалӣ гаштани мақсадҳо. Мақсади асосиро ҳимояи манфиатҳо: манфиатҳои давлатӣ, миллию этникӣ, мазҳабӣ, минтақавӣ, тамаддунӣ, геополитикӣ ва ғайраҳо ташкил медиҳанд. Дар айни замон дар бораи терроризми байналхалқӣ сухан ронда, бештар онро ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ пайваст мегардонанд. Дар навбати худ террористон амалҳои худро ҷавоб ба сиёсати ИМА (ҳодисаи 11 – сентябри соли 2001) ва давлатҳои Аврупои Ғарбӣ олам медонанд. Гӯё он як тарзи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, мазҳабӣ, тамаддунӣ бошад. «Терроризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар рафти муборизаи сиёсӣ; зӯроварӣ нисбат ба шахсони гуногун ва махсусан, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ; ба гарав гирифтани шахсони гуногун бо мақсадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; озод намудани маҳбусони сиёсӣ ва ғайраҳо. Унсури марказии террор амали террористӣ мебошад. Он асосан аз се қисм таркиб ёфтааст: ғояҳо ва омилҳои сиёсие, ки амали террористиро асоснок менамоянд; фаъолияти зӯроварӣ бо тамоми зуҳуроташ; худи амали террористӣ, ки ба муқобили кадом объекте равона гардидааст». (Зокиров Г.Н. Моҳият ва хусусиятҳои асосии терроризм дар замони муосир// Терроризм: моҳият, хосиятҳо ва раванди ташаккулу инкишоф. Душанбе, 2016. (Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ). Саҳ 11-12). Дар олами муосир вобаста ба ин унсурҳо метавон объекти терроризми динӣ – сиёсиро Ислом донист. Асоси баҳси мо низ сари терроризми динӣ равона шудааст. Дар шароити муосир аз ҳар навъи терроризм дида, терроризми динӣ бештар реша давондааст. Дар ҳар гӯшаю канори олам ҳар лаҳза терроризми динӣ аз худ дарак медиҳад. Дар ҷаҳони Ғарб тибқи ВАО ва нашрияҳои гуногун амалҳои террористиро кори дасти мусулмонҳо дониста, терроризмро моли Ислом мехонанд. Дар ин сурат ба тафаккури содаи омма таъсиргузорӣ намуда, чеҳраи хашини Исломро ба ҷаҳониён нишон доданӣ мешаванд. Албатта, дар олами сиёсат ҳизбу ҳаракатҳои террористие, ки аз номи Ислом баромад мекунанд, шумораи зиёдро ташкил медиҳанд ба монанди «Ал-қоида»; «Давлати исломии Ироқ ва Шом»; «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»; «Толибон»; «Иттифоқи исломии ҷиҳод» ва монанди инҳо. Аммо ин маънои онро надорад, ки терроризм аз Ислом аст. Мо набояд Исломро дар симои ин гуна ҳизбу равияҳо тасаввур намоем. Агар дурусттар таҳлил намоем, ба хубӣ мебинем, ки ин ташкилотҳо дар ниқоби Ислом на бар манфиати Ислом, балки бар зарари Ислом фаъолият пеша намудаанд. Ин ташкилотҳои «исломӣ» аз ҷониби абарқудратҳо маблағгузорӣ карда мешаванд, ки ба ин васила ҳадафҳои ғаразноки худро дар ҷомеа пиёда месозанд.

Ислом ҳеҷ рабте ба террор, зӯроварӣ, куштор, тарсонидану бераҳмӣ надорад. «Дар Қуръони муқаддас қатли шахси бегуноҳ, аз рӯи ҳалокатоварӣ ва дараҷаи гунаҳкорӣ, ба манзалаи куштани тамоми инсоният ва раҳокунии кас аз дами марг аз лиҳози наҷотбахшӣ ва сатҳи савобкорӣ, чун наҷоти ҳамаи башарият тавсиф гардидааст. Дини Ислом инсонро новобаста аз ҷинс, дину мазҳаб, сину сол, мавқеи ҷамъиятӣ, мансубияти нажодӣ ва ғайра мавҷуди гиромиқадру соҳибфазилат медонад ва ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ кас куштори ӯро ба хотири расидан ба мақсадҳои муайян иҷозат намедиҳад». (Холов Х. Терроризм ва хосиятҳои он дар олами муосир. // Терроризм: моҳият, хосиятҳо ва раванди ташаккулу инкишоф. Душанбе, 2016.  (Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ).С. 79). «Ва ҳар ки бикушад муъминеро қасдан, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, абадӣ гирифтор аст дар он ҷо. Ва хашму ғазаб ва лаънати Худост бар ӯ ва омода сохта барои ӯ азоби бузургро». (Қуръони Карим, 4:93).

«Ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣ хушунату зӯровариро намепарастад. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки дини мубини Ислом дар зоти худ айбе надорад. Баръакс пайравони худро ҳамеша ба парҳезгорӣ аз амалҳои номатлубу зиддиинсонӣ ҳидоят карда, сулҳпарвариро рисолати бузурги имонии ҳар як мусалмон мешуморад. Аз ин рӯ, онро бо экстремизм ва терроризм айният додан ва ё ин падидаҳои нангинро бо номи поки Ислом пайвастан ғалати маҳз аст». (Холов Х. Терроризм ва хосиятҳои он дар олами муосир. // Терроризм: моҳият, хосиятҳо ва раванди ташаккулу инкишоф. Душанбе, 2016.  (Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ - таҳқиқотӣ).С. 79).

Дар шароити имрӯза Тоҷикистон ҳамчун як субъекти муносибатҳои байналхалқӣ аз таҳдидҳои терроризми динӣ – сиёсӣ эмин буда наметавонад. Дар ҳоли ҳозир хатари терроризм беш аз беш ба амнияти байналхалқӣ эҳсос карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналхалқӣ ҳамчун фактори сиёсие дониста мешавад, ки мавқеи зиддитеррористиро пеша кардааст. Тоҷикистон дар танҳоӣ наметавонад бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза барад. Моро лозим аст, то баҳри ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ бо субъектони дигари байналхалқӣ дар ҳамкории доимӣ қарор дошта бошем.

 

Муқим УМАРОВ,

омӯзгори мактаби №14,

ноҳияи Варзоб 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш