Нашрияи Омӯзгор

Таҳсил дар се баст: роҳи ҳал кадом аст?

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Тайи 3 соли охир дар ҳудуди вилояти Хатлон 118 мактабу кӯдакистон ва 521 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, аммо бо вуҷуди ин, мушкилоти дар се баст фаъолият намудани баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.

Дар соли таҳсили 2018-2019 дар миқёси вилоят 51 муассисаи таълимӣ дар се баст фаъолият мекард. Дар соли таҳсили 2019-2020 дар 25 мактаб, (аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб 5 мактаб, ноҳияҳои Данғара 1,  Восеъ 1, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 1 ва Фархор дар 4 мактаб) ҷараёни таълиму тарбия се баст дар ба роҳ монда шудааст.

Муассисаи таълимии №19-и деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ айни замон аз ду бинои куҳна ва як бинои нав иборат аст. Дар таълимгоҳ 732 хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Директори он Қ. Ҳакимов мегӯяд:

 - Солҳо пеш бинои мактаб ба сифати клуби колхоз истифода мешуд. Соли 1965 онро ба муассисаи таълимӣ табдил доданд, аз ин рӯ, бинои он ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавогӯ нест. Ҳамасола теъдоди хонандагон дар мактаб зиёд мешавад, лекин нарасидани ҷойи нишаст, воситаҳои аёнию техникӣ раванди илмомӯзии хонандагонро душвор гардондааст. Дар фасли зимистон аз сабаби набудани толорҳо чорабиниҳои мактабӣ, варзишӣ ва фарҳангиро гузаронида наметавонем… Солҳои 80-уми асри гузашта дар канори деҳа сохтмони мактаб барои 480 нафар дар як баст оғоз гардида буд, аммо нотамом монд. Хушбахтона, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохтмони ин бинои дуошёна аз тарафи ҶДММ «Паргор» дубора оғоз ёфтааст.

Дар мактаби №20-и деҳаи Зарқалъаи Ҷамоати деҳоти Даҳана 68 омӯзгор ба таълиму тарбияи 813 хонанда машғул мебошанд. Директори мактаб Б. Собиров иброз дошт, ки аз сабаби нарасидани синфхонаҳо муассиса дар се баст фаъолият мекунад. Дар фасли зимистон, бинобар сабаби надоштани маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ, чорабиниҳои мактабӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар синфҳо гузаронида мешаванд. Мизу курсиҳо хеле куҳнаву фарсудаанд. Бояд гуфт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз тарафи Бунёди маблағгузории иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавлии мактаб 8 синфхона ва як ҳуҷраи корӣ барои директор сохта шуда истодааст, ки то ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Муассисаи таълимии №53-и шаҳри Кӯлоб соли 2010 барои 640 нафар сохта шуда буд. Айни ҳол дар мактаб 2095 хонанда таҳсил мекунанд. Таълим дар се баст ҷараён дорад. Чанде пеш мактаби №4 ба маркази таҳсилоти иловагӣ табдил дода шуд ва хонандагони он дар муассисаҳои таълимии №3 ва №53 ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон, хонандагони маҳаллаҳои дигар низ дар мактаби №53 таҳсил мекунанд, ҳол он ки шароити таҳсил дар таълимгоҳҳои худашон хуб аст. Бинобар ин, барои аз вазъи ногувор баровардани муассисаи таълимии №53 раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб бояд чораҳои мушаххас биандешад.

Муассисаи таълимии №35-и деҳаи М. Ибронови Ҷамоати деҳоти Зарбдор соли 2010 барои 150 ҷойи нишаст сохта шудааст. Соли 2012 дар ҳавлии мактаб иловатан 6 синфхона аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон низ бунёд гардид. Бо вуҷуди ин, ҷараёни таълиму тарбия дар се баст ба роҳ монда шудааст, зеро теъдоди хонандагон афзудааст. Муассиса толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона надорад. Директори мактаб С. Тағоев иброз дошт, ки дар фасли зимистон ягон чорабинӣ гузаронида наметавонем. Барои раҳоӣ аз вазъи номатлуб бо ташаббуси омӯзгорони муассиса ва падару модарон бунёди ду синфхонаи иловагиро оғоз кардаанд.

Омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии №26-и деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ дар шароити на он қадар хуб фаъолият доранд. Бинои мактаб соли 1956 барои 250 хонанда сохта шудааст, аммо имрӯзҳо дар он 869 нафар таҳсил мекунанд. Норасоии синфхонаҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои мактаб ҳамаро ба ташвиш овардааст. Дар давоми 64 соли мавҷудияташ мактаб толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона надошт. Синфхонаю даҳлезҳо куҳнаю фарсудаанд, дару девор, фарши синфхонаҳо кафидаанд. Директори муассиса Саодат Туманова иброз дошт, ки дар муассиса шароит барои гузаронидани машғулиятҳо вуҷуд надорад. Хушбахтона, барои раҳоӣ аз ин вазъ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди таълимгоҳ лоиҳаи мактаби навро (барои 229 хонанда) омода намудааст, ки аз тарафи Бонки Рушди Исломӣ маблағгузорӣ мешавад.

Дар ноҳияи Фархор низ муассисаҳои таълимии №№3,25,30 ва 35 дар се баст фаъолияти доранд. Муассисаи таълимии №25-и деҳаи Гулшани Ҷамоати деҳоти Гулистон соли 1972 барои 640 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст, вале айни ҳол дар он 1657 хонанда таҳсил мекунанд. Барои гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, иловагӣ ва маҳфилҳои фаннӣ ҷой ёфт намешавад. Ҷиҳати раҳоӣ аз вазъи номусоид омӯзгорон ва падару модарон дар назди муассиса сохтмони 16 синфхонаро бо тариқи ҳашар оғоз намуданд. Дар муассисаи таълимии №3-и ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия низ хонандагон дар се баст мехонанд. Муассиса соли 1965 барои 650 нафар сохта шуда бошад ҳам, айни ҳол дар он 1735 нафар хонанда таҳсил мекунанд. Чанде пеш ҷиҳати ҳалли ин масъала бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ лоиҳаи мактаби нав омода гардид.

Чунин ҳолати ногувори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии №30 ва 35-и ноҳия низ ҷой дорад.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш