Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои қонун ҳатмист

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

 

-Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гӯшаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ташкил гардидааст, - гуфт Сафаралӣ Нуруллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. – Давоми соли ҷорӣ 5 маротиба маҷлиси умумии комиссияи ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои қонуни мазкур мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи нақша – чорабинӣ комиссияи ҷамъиятӣ оид ба иҷроиши қонуни номбурда дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки омӯзгорон, падару модарон ва толибилмон вохӯриҳо ва маҷлисҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.

Изҳор гардид, ки падару модарон вазифадоранд, ки барои ба таълим фаро гирифтани фарзандон, гирифтани пеши роҳи монеашавӣ ба таҳсил, таъмини фарзандон бо воситаҳои зарурии таълим, дар вақти шабона ҳузури фарзандони ноболиғ дар ҷойҳои дилхушкунанда, марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намудан, ба фарзандони ноболиғ бо худ гирифтан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намудан масъулияти ҷиддӣ дарк кунанд.

С.АЗИЗӢ,

вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш