Нашрияи Омӯзгор

Тарбия ва ташаккули шахсият

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 98        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни кори педагогӣ тарбия ҷойи махсусро ишғол мекунад. Тарбия  раванди мақсадноки ташаккулёбии шахсият аст. Он чанд хусусият дорад. Пеш аз ҳама, ин раванд аз мақсаднокӣ иборат аст. Махсусан,  мақсади тарбияи ягона бо ҳамкории тарафайн дар ҷараёни тарбияи амалӣ ба миён меояд.

Муқаррар шудааст, ки омилҳои субъективӣ ба таври мувофиқ талаботи ботинии шахсиятро ифода мекунанд. Дар шароити объективӣ, ки шахсият зиндагӣ дорад ва ташаккул меёбад, бомуваффақият ба ҳалли вазифаҳои тарбияаш ёрӣ мерасонанд. Ҳар қадаре, ки ба майлу мазмуни худ фаъолияти ташкилкунии тарбия ва шароити объективӣ мувофиқ ояд, ҳамон қадар ташаккулёбии шахсият боло меравад. Хусусияти раванди тарбия ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки фаъолияти тарбиятгар ҷараёнро хуб идора кунад.

 Мураккабии  ҷараёни  раванди тарбия аз он иборат аст, ки натиҷаи он ноаён, ҳиснашаванда ва чун раванди омӯзиш зуд маълум намегардад. Шахсият  ба падидаҳои мусбӣ ва манфӣ дучор мегардад, зеро   тарбия хеле динамикӣ, муҳаррик ва тағйирёбанда аст. 

Ҷараёни тарбия барон он давомдор аст, ки тамоми умр - аз гаҳвора то нафаси вопасин идома меёбад. Тарбияи мактабӣ дар хотири шахс нақши чуқур мегузорад, зеро дар хурдӣ системаи асаб қобилияти дарки баланд дорад.

Яке аз хусусияти муҳими  тарбия ин пайдарҳамӣ, бефосилагии он аст. Ин раванд дар мактаб таҳти ҳамкории тарбиятгар системанок, мунтазам  сурат мегирад. Маҷмӯи  тарбия ба ин маъност, ки дар он бо ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, шакл ва методҳои гуногун тарбия карда мешавад, то ки тамоми талаботҳои  педагогӣ, дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта шавад.   Ҳар фард дар андозаи қобилият, фаҳмишу зарурияти худ тарбия мегирад, вале вазифаи тарбиятгар, ҷараёни онро ба маҷрои дуруст равона кардан аст.

Раванди тарбия диалектикист. Он мунтазам инкишофёбанда, динамикӣ, мутаҳаррик, тағйирёбанда аст. Он бо таъсири тарбия мутобиқи синну сол ва талаботи замон инкишоф ёфта меистад. Аммо ин тавр ҳам мешавад, ки як воситаи тарбия дар як шароит ба яке таъсири зиёд, ба дигаре бефарқ мегузорад.

Диалектикаи раванди тарбия дар мухолифатҳои ботинӣ ва зоҳирӣ ошкор мегардад. Маҳз мухолифатҳо ҷараёни неруи динамикиро пайдо мекунанд. Яке аз асоситарин мухолифати ботинӣ, ки дар тамоми ҳаёти шахсият арзи вуҷуд мекунад, пайравии мухолифати нав - қонеъгардонии имконияти он мебошад. Ин талаботи нав шахсро рӯҳафзоӣ намуда, барои ба он ноилшавӣ фаъол мегардонад, то ки рафтору муносибати худро ба он мувофиқ бинмояд. Майли ноилгардӣ ба ин сифатҳои нав аз шароитҳои гуногун вобастагӣ дорад: фаъолият, ҷуръат, вазъияти ҳаётии шахсият. Вазифаҳои тарбия ин дуруст ба роҳ мондани ташаккули шахсият, вале ин дар асоси донишҳои амиқ,  талабот, нақшаҳои ҳаётӣ ва арзандагии тарбия амалӣ мегардад.

Шахсияти тарбиятгар яке аз омилҳои муҳими объекти тарбия аст. Ягон китоби илмӣ мисли ҳамкории таъсирбахши тарбиятгар қобили қабули инъикоси муносибаткунии рӯҳи инсонӣ, нозукии тобишҳои муносибати байни шахсиро гирифта наметавонад. Нақши тарбиятгар дар раванди тарбияи муосир нафақат тамоми таъсири тарбия ва роҳбариро ба дасти худ фаро гирифтан, балки ташкил кардан ва роҳбариро ба тариқи демократӣ ҷорӣ  намудан аст. Зеро ҳар қадаре, ки раванди тарбия аз ҷониби дастпарварон бо майли демократӣ сурат гирад, ҳамон қадар озодӣ ва фаъолияти эҷодӣ ангезиш меёбад. Вай бояд рафтору фаъолияти амалии дастпарваронро бо диққат таҳлил кунад ва аз онҳо хулосаҳои даркорӣ барорад.  Дар бобати камбудиҳои ҷиддии тарбияи мактаби ҳозира хеле зиёд гуфта шудаанд. Дар онҳо нафақат шароити номусоид, танбалии талабаҳо, беэътибории волидайн айбдор дониста мешаванд, инчунин, муаллимон ва тарбиятгарон ҳам бояд дар ин буҳрон қисман айби худро ба гардан гиранд. Дараҷаи пасти кордонӣ, ки аз педагогикаи авторитарӣ (ҳукмравоӣ) cap задааст, сабаби дуршавӣ ва бегонагардии талабаҳо аз мураббияи худ гаштааст. Аз нав ташкил кардани ҳамкории педагогии ҳақиқиро дар пояи демократиконӣ ва гуманистии мактаб, аз нав бавуҷудории ҳиссиёти инсонӣ – ғамхорӣ ба кӯдакон раҳму шафқат ба онон басо лозим аст. 

 

Файзулло  ҚУРБОНОВ,

Зебо  МУҲИДДИНОВА,

Умеда  ҲАБИБУЛЛОЕВА 

 омӯзгорони коллеҷи

технологии шаҳри  Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш