Нашрияи Омӯзгор

Ҳамқадами замон бояд буд

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Асри ХХI-ро асри техника ва технологияи иттилоотӣ ном мебаранд. Бинобар ин, дар ҷараёни таълим истифодаи воситаҳои техникӣ талаби замон аст, зеро бо сабаби пешрафти босуръати илму техника шумораи маводи таълимие, ки хонандагон бояд аз худ кунанд, торафт зиёд шуда истодааст. Истифодаи воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, компютер, проектор ва ғайра, раванди азхудкунии дарсро осон ва барои хонандагон онро рангину хотирмон мегардонад. Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, инкишофи ҳисси зебоипарастии наврасону ҷавонон саҳми назаррас дорад ва шавқи онҳоро ба омӯзиши фанҳои таълимӣ зиёд мекунад. Хусусан, дар таълими забонҳои хориҷӣ воситаҳои техникӣ мавқеи калон дошта, барои ташаккули маҳорат ва малакаи чор рукни муоширатӣ: ҳарфзанӣ, шунида фаҳмидан, хондан ва навиштан ёрӣ мерасонад.

 

Соҳиба ОБИДОВА,

омӯзгори мактаби №19,

ноҳияи Ҷаббор Расулов   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш