Нашрияи Омӯзгор

Бартарӣ ба мусиқии миллӣ

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Аз аҳди бостон то ба имрӯз мусиқӣ ҳамчун яке аз шохаҳои санъат ба мисли адабиёт ба мардум ғизои маънавӣ мебахшад. Ниёгони фарҳангофару ҳунарпарвари мо дар ин бахш ҳунари воло нишон додаанд.

Гувоҳи ин гуфтаҳо асбобҳои мусиқии имрӯзаи халқамон, ба монанди най, дутор, думбура, чанг, лабчанг дойра, таблак, рубоб, тор, ғиҷҷак, танбӯр, сурнай, карнай ва монанди инҳо мебошанд, ки тӯйю сури мардумро бо оҳангҳои шӯху марғуби диловезу рӯҳнавоз шукӯҳ мебахшанд, дилҳоро саршори фараҳ мегардонанд, ғамро мезудоянд, табъро хуш ва рӯҳро болида гардонда, вуҷуди инсонро навозиш менамоянд.

Аксари донишмандону суханварон, адибону ҳакимони мо аз илми мусиқӣ баҳравар будаанд.

Дар гузаштаи начандон дур дар ҳар як хонадони тоҷик на як, балки якчанд асбоби мусиқӣ нигоҳдорӣ мешуд ва дар лаҳзаҳои фароғат дар ҳалқаи аҳли оила аз онҳо истфода мебурданд: менавохтанд, месароиданд, мерақсиданд ва мезавқиданд. Ҳар як чойхонаву маҳаллаву гузар мутрибон, ромишгарону сарояндагони мумтози худро дошт. Ҷавонон дар ин базмҳои хонаводагӣ, маҳаллу гузарҳои худ ба асбобҳои мусиқии халқӣ ошно мешуданд, навои дилошӯбу рӯҳнавози онҳоро мешуниданд, аз овози ширадори сарояндагон баҳравар мешуданд, дар дилашон ба мусиқии суннатии халқашон меҳр пайдо мекарданду дар сарашон шӯри навозандагию сарояндагӣ мепарвариданд. Мутаассифона, солҳои охир дилбастагии мардум, бахусус, ҷавонон ба мусиқии суннатӣ ва асбобҳои мусиқии халқи тоҷик коста ба назар мерасад. Баъзеҳо бар он назаранд, ки бо тақозои замон дигар мардум бо радиову телевизион ва дигар воситаҳои техникӣ бештар сарукор доранд. Дигар ин ки мусиқии модерн – мусиқии сабуки эстрадӣ бештар ба завқи ҷавонон созгор аст.

Гурӯҳи дигар аз ҷавонон гила мекунанд, ки онҳо бештар мусиқии эстрадии замонавии бегонаро меписанданду ба мусиқии миллии худ кам таваҷҷуҳ мекунанд.

Албатта, ҳама айбро ба ҷавонон бор кардан аз рӯи инсоф нест. Мо насли калонсолу миёнсол бояд аз худ бипурсем, ки ба насли ҷавон доир ба мусиқии халқии тоҷикӣ ва асбобҳои мусиқӣ дар куҷо ва дар кадом сатҳ маълумот медиҳем.

Дар оила бештар телевизор тамошо мекунем, дар кӯчаву бозор бештар мусиқии замонавӣ ба гӯшамон мерасад. Албатта, оилаҳое ҳастанд, ки ҳанӯз ба мусиқии суннатии тоҷикӣ арҷ мегузоранд, вале чандон зиёд нестанд.

Вақти он расидааст, ки мо бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунем ва роҳи дурусти ҳалли онро дарёбем. Зеро мусиқии миллии мо дар баробари забон, урфу одат ва адабиёт яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, яке аз нишонаҳои фарқкунандаи миллати мо аз дигар халқу миллатҳо маҳсуб меёбад ва муаррифи ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонист.

Ин кор бояд аз оила шурӯъ шавад, зеро оила ибтидои шаклгирии фаъолияти кӯдак буда, нақши асосиро дар тарбияи кӯдак мебозад. Дар фазои хона мусиқии тоҷикӣ бояд танинандоз бошад.

Дар кӯдакистонҳо, мактабҳои миёнаву олӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ, беморхонаҳо, мағозаҳо ва ғайра бештар мусиқии тоҷикӣ садо бояд диҳад ва дар ин кор ҳукуматҳои маҳаллӣ, шуъбаҳои маорифу фарҳанг, радиоҳои маҳаллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар тарғиби мусиқии миллӣ мактабҳои миёна метавонанд нақши муҳим бозанд. Хуб мешуд, ки дар мактабҳо 10-15 дақиқа пеш аз оғози дарс мусиқии миллии тоҷикӣ садо диҳад. Дар танаффуси калон низ вобаста ба вақт он 2-3 оҳанги мусиқии форами рубоб, дутор, най, чанг ва ғайра садо диҳад, ҳам хастагии омӯзгоронро бартараф менамояд ва ҳам завқи талабагонро бедор месозад. Фаъолияти дастаҳои ҳаваскорони мактабҳо низ беҳбудӣ тақозо дорад.

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки имрӯз дар хона, кӯдакистон, мактаб ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба гӯши кӯдакону наврасони мо савту навоҳои марғуби тоҷикӣ, ки бо воситаи асбобҳои мусиқии миллиамон навохта мешаванд, танинандоз гарданд.

 

Қурбонбой БОБОЕВ,

омӯзгори коллеҷи

омӯзгории ноҳияи Зафаробод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш