Нашрияи Омӯзгор

Дарс агар ҷолиб бувад…

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 249        Шарҳ: 0

 

Дарсҳо гуногун мешаванд: дарси омехта (пурсиши вазифа, баёни мавзӯи нав ва мустаҳкамкунии дониш), дарси баёнӣ-ахборӣ (мавзӯи нав гузаштан), дарс бо истифода аз воситаҳои техникӣ (тахтаи электронӣ, филми ҳуҷҷатӣ, интернет), дарс дар осорхона, бойгонӣ, такрорӣ, семинарӣ, мизи мудаввар, бозӣ ва ғайра.

Барои омӯзиш, таҳлил ва ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар дарси омӯзгори таърихи мактаби миёнаи 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Маҳқула Ёрова иштирок кардем. Омӯзгор бо чеҳраи кушод аҳли синфро аз назар гузаронида, бо ибораи маъмули «Салом, бачаҳо!» дарсро оғоз намуд.

Дар қисмати пурсиши вазифаи хонагӣ дар синфи 5 «в» «Фарҳанги Чини Қадим» омӯзгор ба тариқи фронталӣ ва бо усули ӯ, ки ба дарс кӣ  тайёр аст, даст бардоред” аз хонандагон баъзе паҳлуҳои вазифаи хонагиро пурсид. Баъди ҷавобҳои 3 нафар маълум гардид, ки вазифаи хонагӣ ҳал нашудааст. Ҳамин тавр, пурсиши вазифаи хонагӣ бо муайян кардани он ки мавзӯъ ҳалли худро ёфт, омӯзгор қонеъ гардид.

Дар қисмати  баёни мавзӯи нав муаллима М.Ёрова номи мавзӯъ ва саволҳоеро, ки аллакай дар тахтаи синф навишта шуда буданд, ба хонандагон муаррифӣ кард ва хонандагон дарҳол рӯбардор карда гирифтанд. Дар баёни мавзӯи нав “Достонҳои Ҳоммер” (“Иллиада” ва “Одисей”)  муаллима бо забони адабии бурро, дониши фарох, масъалаҳоро  мушаххас ва мақсаднок баён кард. Дар нақли худ омӯзгор аз чанд асари бадеии дигар низ истифода карда, далелҳои сареҳ меовард. Зеро хонандагони синф фаъолу серталаб буданд. Нафаре қайд мекард, ки “Ман филми Одисейро дидаам”, дигарӣ мегуфт, ки “Бале, шаҳри Троя дар имрӯза кишвари Туркия ҷойгир аст”, «Дар охир Ахилес бар Гектор ғалаба мекунад» ва ғайра. Дар рафти баёни мавзӯъ муаллима М.Ёрова номи шоҳон, қаҳрамонҳо ва санаҳои муҳимро дар тахтаи синф навишта шарҳ медод. Хонандагони зирак онҳоро дар дафтарҳои худ қайд мекарданд.

Дар қисмати мустаҳкамкунии дарси нав омӯзгор усули саволу ҷавобро истифода бурд. Вай бештар саволҳои кушода ва умумӣ медод ва ҳар ҷавоби саволро аз хонандагони аввал дастбардошта  мепурсид.

Супориши вазифаи хонагиро муаллима бо номбар кардани саҳифа ва боби китоби дарсӣ анҷом дод. Инчунин, таъкид кард, ки ба саволҳои дар охири мавзӯъ омада ҷавоб гардонанд.

Сайфиддин МУРОД,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш