Нашрияи Омӯзгор

Бобокалони ҷанговари ман

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

 

Гарчанде ки бо чашми сар надидаам, аммо далерию шуҷоаташро аз пирони шуҷои рӯзгордидаи деҳа шунидаам, ки бобокалони ҷанговарам нотарсонаву шуҷоатмандона дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок карда,  ҷавонмардона ватани паҳновари замони Шӯравиро  аз зулми фашистони истилогар ҳимоя кардаанд.

Аз хурдсолиям  борҳо  таърифу ситоиши бобокалонамро мешунаваму меҳрашон дар дилам гум мезанад, орзу мекунам, ки кош, як маротиба бобоҷони ҷанговарамро медидам.  Аммо чӣ илоҷ, насибу тақдир ҳамин будааст.

Бароям дидори шарифаш муяссар  нашуда бошад ҳам,  ӯро ғоибона  мешиносаму дар муассисае, ки ба номи  бобокалонам номгузорӣ шудааст, таҳсил мекунам ва ин бароям ифтихор аст.

   Соли  2007 дар  саҳни муассиса  барои  абадӣ  гардонидани  хотираи собиқадори ҷангу меҳнат, номзади илмҳои таърих, дорандаи ордени Ленин нимпайкараи   бобоҷонам - Шариф Каримов  гузошта шуд. Симои  абадзиндаи бобокалонам дар партави нимпайкарааш ҳар субҳи содиқ маро сӯи худ, яъне, сӯи боргоҳи илму  маърифат  мекашад.  Мехоҳам пас аз хатми мактаб ба ягон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дохил шуда, соҳиби касбу коре гардида, бо заҳмати ҳалоли худ рӯҳи бобоҷонамро шод гардонам. 

Озодҷон Каримов,

хонандаи мактаби №50,

ба номи Шариф Каримови

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш