Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти коллеҷ вусъат меёбад

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 106        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи иқтисодӣ-техникии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб соли 2015 таъсис ёфтааст. Он мутобиқи меъёрҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёт (андоз ва андозбандӣ) ва таъминот ва истифодаи барқӣ (васл ва истифодаи таҷҳизоти барқӣ), муҳосиби таҳлил ва назорат ва сохтмон ва истифодабарии биноҳо ва иншоот мутахассисон тайёр мекунад. Таҳсил дар коллеҷ дар равияи шартномавӣ бо маблағгузории падару модарон ба роҳ монда шудааст. Тавре ки директори муассиса Т.Носиров иброз дошт, солҳои аввали таъсисаш барои коллеҷ мушкилоти зиёде, аз қабили нарасидани синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва воситаҳои аёнӣ ва техникӣ пеш омаданд, ки ба фаъолияти мунтазами раванди таълиму тарбия душворӣ меоварданд. Барои бартараф намудани ин мушкилиҳо ва беҳтар кардани шароити кори коллеҷ маъмурият қарор дод, ки соҳибкорону шахсони саховатпешаи шаҳрро ба ҳамкорӣ ҷалб намояд. Дере нагузашта, бо мадади онҳо бинои куҳнаи ҶСК «Кӯлобгаз» - ро ба иҷора гирифтаву азнавсозӣ карда, мавриди истифода қарор доданд.

Мавсуф ҳамзамон қайд намуд, ки дар муассисаи таълимӣ оид ба масъалаи кадрҳо мушкилие ҷой надорад. Омӯзгорон ба тариқи озмун қабул мешаванд. Имрӯз дар ин ҷо 26 омӯзгор (1 доктори илм, 4 номзади илм, 1 дотсент, 2 ассистент ва 16 омӯзгори калон аз рӯйи 2 ихтисос) ба таълиму тарбияи ҷавонон машғуланд. Донишҷӯёни коллеҷ Гулҷаҳон Исмонова дар вазнбардорӣ қаҳрамони Тоҷикистон ва Мавлуда Акрамова дар озмуни «Фурӯғӣ субҳи доноӣ..» дар байни донишҷӯёни коллеҷҳо дар шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Маъмурият ва омӯзгорони коллеҷ мекӯшанд, ки донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, ба воя расонанд. Маъмурияти коллеҷ барои баланд бардоштани савияи дониши амалии донишҷӯён бо назардошти ихтисос бо шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб, шуъбаи молияи шаҳр, ҳифзи иҷтимоӣ ва раёсати андози минтақа шартномаи ҳамкорӣ доранд. Аз ин лиҳоз, пас аз хатми коллеҷ хатмкунандагон бо роҳхат барои кор ба муассисаҳои мазкур фиристода мешаванд. Соли гузашта 40 нафар донишҷӯи коллеҷ ихтисоси таъминот ва истифодаи барқӣ (васл ва истифодаи таҷҳизоти барқӣ)-ро соҳиб шуданд ва 63% бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Донишҷӯёни эҳтиёҷманд бо хобгоҳ таъмин мешаванд.

Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ барои омӯзгороне, ки ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд, сохтмони бинои дуошёна идома дорад, ки дар арафаи анҷомёбист.

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш