Нашрияи Омӯзгор

Аҷоиботи олам

Сана: 2020-04-30        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Оҳан ҷисми сахт аст. Агар онро  то ҳарорати баланд - 1535 дараҷа гарм намоем, гудохта мешавад ва ба моеъ  мубаддал мешавад. Дар ҳарорати 3000 дараҷа гармӣ ҷӯшида, ба газ табдил меёбад.

 ***

Мувофиқи ақидаҳои илмӣ синни Офтоб ва сайёраҳои атрофи он тақрибан ба 6, 5 – 7 млрд сол баробар аст. Аз вақти бавуҷудоии кураи Замин 4, 5 млрд сол гузаштааст.

***

Масоҳати  уқёнуси Ором 361 млн км 2, массаи обаш 140 млрд тонна,  ҷуқурии миёнааш 3800 м ва чуқурии зиёдтаринаш 11000 м мебошад.

***

Элементи асосии об оксиген буда, дар молекулаи он (Н2О) – 88, 8 фоиз ва гидроген 11, 2 фоиз массаи обро ташкил медиҳанд.

***

Мувофиқи ахбори ЮНЕСКО, дарёҳои Потомак ва Рейн (Олмон) ба дарёҳои ифлостарин (гандаоб) табдил ёфтаанд.

***

Морҳо бачаи худро нигоҳубин намекунанд. Онҳо мустақилона ризқу рӯзӣ меёбанд. Ҳатто агар ягон морбачае чанд рӯз аз модараш дур афтад, дар вақти вохӯрӣ сайди модари худ мегардад.

***

Чахуа  хуа саги аз ҳама хурдтарини олам аст. Ин саг 15 см қад дошта, вазнаш 2, 5 кг аст.

***

Айни ҳол дар ИМА бештар аз 248 млн саг мавҷуд аст.  Америка аз ҷиҳати миқдор ва ҷойгиршавии сагҳо дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.

 

Таҳияи Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш