Нашрияи Омӯзгор

Сеҳри сухани адиб

Сана: 0000-00-00        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Адиби маъруфи рус Михаил Лермонтов дар инъикосу тасвири воқеаҳои пурошӯби замони хеш, ошкор намудани қабоҳату разолати сиёсати золимонаи ҳукумати подшоҳӣ, мазаммати ҷангҳои бемаънию ғосибона ҳунари баланди нигорандагӣ нишон додаст.

Лермонтов ҷонибдори мардуми одии меҳнаткаши рус буд ва дар асарҳои назмию насрияш шуҷоату қаҳрамонӣ, матонату шуҷоати мардуми русро дар ҳимояти марзу буми кишвари Рус ифода кардааст.

Зиндагии шоир дар шаҳрҳои  Москва ва Петербург идома ёфт. Вай ба таълифи асарҳои нахустини худ соли 1834 шурӯъ кардааст. Драмаи «Маскарад», повести «Князхонум Лиговская» ва шеъри машҳури «Бородино» маҳсули ҳамин давраи эҷодиёти ӯст. Барои ақидаҳои озодона ва ҷасорату шуҷоати адабияш ҳукумати вақт ӯро ба Кавказ бадарға мекунад. Кавказ  бо манзараҳои нотакрори табиии худ дар пешрафту рушди эҷодиёти Лермонтов таъсири бузург расонидааст. Романи «Қаҳрамони даврони мо», достони «Мтсири» ва шеъри «Ватан» дар ҳамин мавзеъ навишта шудаанд. Риштаи умри шоири номвару машҳур 15 июли соли 1841 дар дуэл канда мешавад. Пушкин дар марги Лермонтов шеъри пурсӯзу гудози «Марги шоир»-ро навишта, дар ҳалокати ӯ ҳукумати Россияи подшоҳиро муҷрим медонад. Дар байни осори М. Лермонтов романи «Қаҳрамони даврони мо» мавқеи хоссаро дорост. Қаҳрамони асосии китоб афсаре, ки ба артиши Кавказ ба хизмат фиристода шуда буд ва Печорин ном дошт, мебошад. Печорин шахси пешрафтаю донишманд, соҳибмаълумот, мушоҳидакор, ҷавону зебо ва сарватманд, аммо беиродаю бепарво буда,  дар зиндагӣ мақсади муайян надорад.

Печорин ҳанӯз дар ҷавонӣ побанди фикре буд, ки чаро одамон ғуломии шармандаворро дар муқобили табақаи болоӣ ихтиёр кардаанд, чаро баҳри бахту саодат ва озодии худ саъю талош намекунанд?

Ба таъкиди адабиётшинос И. Андроников, Печорин аз ин ҳолат азоби амиқи рӯҳӣ кашида, баъдҳо ба фарде табдил меёбад, ки ба ҳеҷ чиз бовар намекунаду умед ҳам намебандад. Ҳамин тавр, ӯ ба инсоне мубаддал мегардад, ки нуқси рӯҳӣ дошта, он андешаву афкореро, ки дар сар дорад, ба аҳли ҷомеа ошкоро баён карда наметавонад Печорин-қаҳрамони насле мебошад, ки дар замони ҳукмронии Николайи I ба камол расидааст. Аз ин рӯ, онҳо аслан дар ин ҷомеа гунаҳкор ҳисоб намеёбанд. Зулму тааддӣ асоси сохти крепостноӣ ва дар умум, мутлақияти подшоҳиро ташкил медод...

Дар эҷодиёти Лермонтов мавзӯи ватан ва ватандӯстӣ мавқеи асосӣ дорад.

 

Гулчеҳра Дӯстмуродова,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш