Нашрияи Омӯзгор

«Дониш ва ҳунар»

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб озмуни даври дуюми ноҳиявии «Дониш ва ҳунар» баргузор гардид. Директори МТИ-и минтақаи Кӯлоб Э. Саидамиров дар оғоз чунин гуфт:

- Озмуни мазкур бо мақсади ташаккули тафаккури эҷодии насли наврас аз рӯйи 3 бахш – расмкашӣ дар мавзӯи «Табиати кишвари азиз» викторина (саволу ҷавоб) ва саҳнача аз рӯи адабиёти хондашуда баргузор мешавад.

Дар озмун намояндагони 8 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Намояндагони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Данғара ва Фархор ба озмун бо тайёрии пухта омада, аз рӯи шартҳои бахшҳои озмун хеле хуб ва бо маҳорати эҷодкориву санъатварӣ баромад карданд. Аъзои ҳакамон ба маҳорату эҷодкории довталабон шаффоф ва одилона баҳо доданд. Аз рӯи шарти рассомӣ Абдурауф Ҳалимов, хонандаи синфи 7-и мактаби №1-и ноҳияи Темурмалик,ҷойи якум, аз рӯи шарти викторина, аъзои дастаи ноҳияи Данғара ҷойи якум ва аз рӯи шарти саҳнача, аъзои дастаи ноҳияи Фархор сазовори ҷойи якум гардиданд.Ғолибони озмун бо туҳфаҳои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш