Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 123        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ (аз ҷумла, коронавирус) тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар анбори донишгоҳ навъҳои гуногуни маҳлулу моеъҳои зиддивирусӣ, ниқобҳо ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда мавҷуд мебошад. Ҳамарӯза толору долонҳои раёсат ва факултаҳои донишгоҳ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуда, дар даромадгоҳҳо навбатдорон ба таври ҳамешагӣ ба тозаву озодагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Ҳамчунин, барои ҷавондухтарон бо супориши ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар хобгоҳи донишгоҳ шароит муҳайё гардидааст, ки онҳо дар доираи маҳфили доимоамалкунандаи “Ганҷинаи ҳунар”метавонанд дар вақтҳои фориғ аз дарс ба дӯхтани ниқобҳои яккаратаву бисёркарата машғул гарданд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ бо ниқобҳои дӯхтаи духтарони хобгоҳ кормандон ва донишҷӯёнро пурра таъмин намояд.

То имрӯз зиёда 1000 адад ниқоби тиббӣ омода карда шудааст.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш