Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи тарбия ва инсоншиносӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 173        Шарҳ: 0

 

Шояд  баъзеҳо ба он ақида бошанд, ки дар замони пешрафти илму техника ва компютеркунонии  мактабҳои маълумоти  миёнаи умумӣ ба китобхонӣ  дигар ҳеҷ эҳтиёҷ намондааст. Зеро китобхонаҳои электронӣ низ арзи ҳастӣ кардаанд ва дар дилхоҳ вазъият аз онҳо истифода бурдан  мумкин аст.

Ин андешаи ғалат аст, зеро компютер ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонад, чунки истифода аз китоб дар ҳар гуна шароиту вазъият басо қулай ва мувофиқ аст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан, бо вуҷуди он ки талошҳои зиёде аз тарафи ҳукумат ва муассисаҳои дахлдор дар равнақи китобу китобдорӣ амалӣ карда мешаванд, баъзеҳо ба ин ганҷинаи бебаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир наменамоянд. Ҳирси молу чизпарастӣ иддаеро то ба дараҷае расондааст, ки китоберо харидорӣ накарда, ба интихоби ашёи қиматбаҳо бештар майл доранд.

Дониш, ақлу хирад, одобу рафтори неку шоиста  аз китобхониву  китобдорӣ ба вуҷуд омадааст. 

Дар бархе  аз  шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон китобхонаҳои деҳотро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ «тарака» карданд, онҳоро то ба дараҷаи нестӣ расонданд. Муносибат ба китоб бояд ба дараҷаи хеле зурур дигар карда шавад. Ҳама медонанд, ки барои эҷоди як асари бадеӣ чи қадар заҳмату бедорхобии муаллиф сарф мегардад.

Дар хотир дорем, ки солҳои пеш ташаббуси ташкил кардани китобхонаҳои шахсӣ пеш омада буд. Шахсиятҳои фарҳангии ҷомеаамон бевосита дар манзили истиқоматии худашон чунин китобхонаҳоро, ки беш аз панҷ – даҳ ҳазор нусха китоб дошт, ташкил карда, ба хизмати мардум гузошта буданд. Дар шаҳри Истаравшан «Кошонаи Саъдӣ» - и Акбар Бобохоҷаев аз ҳамин гуна иқдомҳо буд. Имрӯз низ чунин ташаббускорон дар кишварамон ҳастанд ва агар ба онҳо аз нигоҳи иқтисодӣ андаке ёрӣ расонида шавад, бовар ҳаст, ки ин соҳаро равнақ мебахшанд. Ин андешаро омӯзгори мактаби  №17, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар мақолаи  «Китобхона бунёд мекунам, агар… («Омӯзгор», №14, 2 апрели соли 2020),  тақвият медиҳад.   

Дар солҳои  охир бошад, тарғиби китоб бо ташаббуси олимони саршиноси ҷумҳуриамон дар шакли нав сурат гирифт. Яъне олимону адибоне, ки тӯли солҳо китобҳои зиёдеро дар манзилашон ҷамъоварӣ кардаанд, барои  истифодаи  умум ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба таври ройгон тақдим намудаанд ва масъулин барои онҳо гӯшаи махсусеро ҷудо кардаанд. Масалан, устодони илму адаб Муҳаммадҷон  Шакурӣ, Соҳиб Табаров, узви вобастаи АМИ ҶТ Худоӣ Шарифзода, Худойназар Асозода, Раҳим Мусулмонқулов ва дигар ҳаммаслакони онҳо чунин ташаббусро шурӯъ карданд ва минбаъд низ боварӣ ҳаст, ки дигарон низ чунин амалро дастгирӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, айни ҳол дар муассисаҳои таълимиии ҷумҳурӣ бештар аз 4 ҳазор китобхонаи мактабӣ ҳаст, ки хонандагон ба таври фаровон аз онҳо истифода мебаранд. Дар баробари ин, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ ва мактабҳои олии касбӣ низ китобхонаҳои алоҳидаи худро доранд, ки дар хизмати донишҷӯёну устодони ин муассисаҳо мебошанд. Чунин ташкил кардани кори соҳаи маориф минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани савияи дониши шогирдон мусоидат хоҳад кард.

Яке аз ташаббусҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғиб ва истифодаи васеи китоб ташкил кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки бевосита зери ҳидояту сарпарастии Пешвои миллат амалӣ мегардад. Инак, соли дуюм аст, ки ин чорабинӣ бо шеваю тарзи дигар сурат гирифта истодааст. Дигар василаи тарғиби китобдориву китобхонӣ таҷлили ҳамасолаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби  кӯдакони наврасони Тоҷикистон» дар саросари Тоҷикистон мебошад. Чунин иқдом бо ташаббус ва дастгирии вазоратҳои фарҳанг ва маориф ва илми илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон, китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар сурат мегирад. Фестивали имсола низ бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш дар шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон барпо гардид. Дар доираи ин фестивал дар тамоми   шаҳру ноҳияҳои  мамлакат бо китобдӯстон, насли наврас мулоқоти судманди рӯ ба рӯ доштанд.                                                                             

 Албатта, вақте наврас аз хурдӣ бо муаллифи шеър, афсона, ҳикоя аз наздик шинос мешавад, минбаъд дар  ниҳоди вай шавқу завқи дӯст доштани китоб пайдо мегардад. Дар фестивали имсола низ аз адибони бачагони тоҷик М. Миршакар, Г. Сулаймонӣ, У. Раҷаб, М. Ҳакимова, Б. Ҳоҷӣ, А. Шарифӣ, Н. Бақозода низ ёдоварӣ шуда, дар рӯзҳои бургузорӣ  бевосита  оид ба ҳаёт ва фаъолияти онҳо маҳфилҳо барпо гардид. Чунин иқдом собит кард, ки эҷоди ин қабил адибон ифодагари рӯҳия ва завқи бадеии хонандагони имрӯз низ ҳаст.

Дар ин замина ёдовар шудани ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бамаврид аст, ки гуфтаанд: «Нақши китоб ва китобхонаҳо барои тарбияи наслҳои имрӯзу оянда хеле муҳим аст. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб  ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Воқеан ҳам, ҳама гуна донишҳо, дастовардҳои илмӣ – оммавӣ, таърихии дуру наздик, кашфиёти олам, гуфтугӯи тамаддунҳо, имзои созишномаҳои бай-намилалӣ, шартномаҳои мухталифи  хусусию давлатӣ тавассути забон ва хат ба амал меоянд ва билохира,  дар шакли китоб, маҷалла, ахборнома  дастраси  ҷомеа мегарданд. Дар баробари ин, китоб рафиқи шафиқ ва муниси дилу қалби инсонҳо маънидод шуда, онро «манбаи дониш», «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» муаррифӣ намудаанд.

 

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш