Нашрияи Омӯзгор

Адаб омили комёбиҳост

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 107        Шарҳ: 0

 

Дар урфият мегӯянд, ки «то адаб наомӯзӣ, ба мақсад нарасӣ». Воқеан ҳам, адаб шарафу хайру баракат асту инсонҳоро накуному муваффақ мекунад, хушбахтию хушрӯзгорияшонро таъмин месозад. Дар арсаи омӯзиш низ боадаб будан омили муҳими комёбист.

Дуруст фармудаанд ниёгони хирадмандамон: «Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ, Бинеҳ бар сар, бирав, ҳар ҷо, ки хоҳӣ». Вобаста ба ин, дар мактабҳо тарбияи ахлоқӣ нақши меҳварӣ бояд дошта бошад. Нахус-тин суҳбати омӯзгор бо шогирдон, албатта, аз боби одоб, риояи қоидаҳои мактабию ҷамъиятист. Зимни ҳар як дарс, новобаста аз ба кадом фан тааллуқ доштанаш, омӯзгор дар лаҳзаҳои мувофиқ ва дар зарурат аз хусуси одоби нек сухан мегӯяд. Илми педагогика тарбияи ахлоқиро ҷузъи муҳими фаъолияти ҳамарӯзаи омӯзгор муқаррар кардааст. Омӯзгорон  ба шогирдон пайваста гӯшзад мекунанд:

-Дониста монед, аз одами беодоб ҳаргиз шахси бохирад ба камол намерасад. Боодоб бошед, то дар таҳсил ба қуллаҳои мурод бирасед.

Албатта, дар тарбияи ахлоқӣ хусусиятҳои синнусолии хонандагон ба инобат гирифта мешавад. Дар ҳамин замина омӯзгор нақшаи кори тарбиявӣ ва силсилаи чорабиниҳои беруназсинфиро таҳия месозад. Чун кӯдакон ба синфи якум меоянд, дар хона ё дар кӯдакистон тарбияашон то ҷое шакл гирифтааст. Онҳо дар сатҳи муайян «бад чисту хуб чист» медонанд, рафтори дурустро аз нодуруст фарқ мекунанд ва дорои  фаҳмишҳои асосии ахлоқӣ мебошанд. Мактаб вазифадор аст, ки аз қадамҳои аввал хислатҳои шоис-таи онҳоро такомул бахшад ва зина ба зина сифатҳои неки ахлоқии шогирдонро афзун созад. Дар мактаб омӯзгор дар фурсати муайян ҳар як кӯдакро меомӯзад, сатҳи сифатҳои ахлоқияшро муайян месозад ва дар ин асос тарбияи ахлоқии онҳоро идома мебахшад. Як хислати асосии кӯдакон он аст, ки ба калонсолон бовару эътиқод доранд, мисли онҳо шудан мехоҳанд, аз пайи  фармудаи  онҳо мераванд. Инро ба инобат гирифта, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мекӯшад, ки на танҳо гуфтораш, балки рафтору  гирумону либоспӯшӣ ва умуман, ҳар як амалу  ҳаракаташ дар  дарсгоҳу дар мактаб, ки ноаён зери назораи шогирдон аст, хубу ибратомӯз бошад.

Илми педагогика барои хонандагони ҳар як зинаи таҳсилот қоидаҳои умумии адабро муқаррар сохтааст. Ин қоидаҳоро омӯзгор нукта ба нукта ба хонандагон бояд шарҳ диҳад, риояи онҳоро қатъан талаб намояд. Маъмулан, дар дарсгоҳҳо қоидаҳои мазкур дар шакли лавҳҳо дар ҷои чашмрас овехта мешаванд.

Тарбияи ахлоқӣ дар синфҳои ибтидоӣ шаклу усулҳои гуногун дорад ва тавассути таъсиргузорӣ ба  ҳиссиёту рӯҳияву шуури кӯдакон амалӣ карда мешавад. Тарбияи ахлоқӣ усулҳои нақл, таъсиррасонӣ, ибратпазирӣ, суҳбат ва амсоли инҳоро фаро мегирад. Як усули  самарбори ин навъи тарбия машқ ва одаткунонӣ мебошад. Масалан, хонандагон бо роҳбарии омӯзгор якчанд намуди реҷаи рӯзро машқ мекунанд ва дар натиҷа муайян месозанд, ки кадом реҷа беҳтару манфиатноктар аст. Бисёр муҳим аст, ки шогирдон аз хурдӣ одатҳои некро қабул намоянду пайгирӣ бикунанд, аз одатҳои бад барҳазар бошанд.

Одоб дар тақдири инсон нақши асосӣ мебозад ва чӣ гуна рӯзгор ба сар бурдану дар ҷомеа чӣ мавқеъ доштани ӯ аз одобаш иртиботманд аст. Аз ин хусус гуфтаанд:

Бе ҳурмату адаб нарасад мард ҳеҷ ҷо,

Ҳар ҷо касе расид, зи роҳи адаб расид.

Аз ин рӯ, махсусан, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро мебояд, ки ба тарбияи ахлоқии хонандагон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд.

Барно Раҳмоналиева,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш