Нашрияи Омӯзгор

Одобу таълим ҳарду мебояд

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир дар тамоми мактабҳои шаҳри Душанбе нисбат ба илмомӯзии толибилмон диққати бештар зоҳир мегардад.

Албатта, ин иқдом сазовори таҳсину офарин аст. Аммо мо саргарми омӯзиши илму дониш гардида, нуктаи бисёр муҳим – одобу ахлоқ омӯзонданро набояд фаромӯш созем. Барои инсони комил шудан танҳо илму дониш не, балки пеш аз ҳама, одобу ахлоқ, тарбияи дуруст ва шуури баланди ахлоқӣ нақши муҳим мебозад.

Доир ба масъалаи он, ки дар ин самт гунаҳкори асосӣ кист, посухҳои мухталиф мешунавем. Яке интернет, дуюмӣ оила ва иддае дигар мактабро гунаҳкор медонанд.  Аъзои оила ба ин суол таҳқиромезу пурхашм «Гунаҳкори асосии ин ҳама мактаб мебошад», - гӯён ин масъулиятро ба дӯши устодон мегузоранд. Устодон бошанд, гунаҳкори асосӣ оиларо ҳисобида, масъулиятро бар дӯши волидон вогузор мекунанд. Магар масъулиятро бо бар дӯши якдигар вогузор намудан вазъият тағйир меёбад? Не, албатта! Гунаҳкори асосӣ ҳам оила, ҳам мактаб ва ҳам ҷомеаи имрӯзаи мост.

Инсон аз лаҳзаи таваллуд то нафаси охирин дар маркази секунҷае  ҷойгир аст, ки аз он ҳаргиз баромада наметавонад. Мо дар оила тавлид мешавему ба воя мерасем, дар мактаб таълиму тарбия мегирем, дар ҷомеа чун шахсият шинохта мешавем.

Сабабгори дигари косташавии одобу ахлоқи наврасону  ҷавонон  сомонаҳои интернетӣ мебошанд. Дуруст аст, ки мо аз интернет маълумоти бароямон даркориро зуд дарёфт менамоем. Вале  шахсоне ҳам ҳастанд, ки онро бар зарари мо коркард кардаанд. Сабаби ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили терроризм, экст-ремизм, куштор, дуздиву авбошӣ даст задани иддае аз ҷавонони чаласаводи булҳавас видеороликҳо ва  сайтҳои гуногуни интернетӣ мебошанд, ки ҷавонони моро зудбовар, дузду бераҳм, қотил ва беэҳтиром нисбат ба дигарон месозанд.

Хушбахтона, дар литсейи мо  мо ин гуна хонандагон вуҷуд надоранд, зеро дар муассиса  тамоми шароитҳо барои тарбияи ҳаматарафаи хонандагон муҳайё гардидааст. Ба шогирдон устодоне, ки меҳнати онҳо  саривақт қадр мегардад, дарс  мегӯянд ва онҳо сараввал ба одоб, баъдан, ба дониши хонандагони литсей диққати махсус медиҳанд. Таҷрибаи  пешқадами литсейи  мо баръало собит месозад, ки агар дар тамоми макотиби ҷумҳуриямон, пеш аз ҳама, ба одоби хонандагон ва баъд ба дониши онҳо аҳамияти бештар диҳанд, костагиҳо дар рафтори насли наврас зуд бартараф мегарданд.   

Саёҳат ҲОМИДОВА,

омӯзгори  литсейи

№2, барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш