Нашрияи Омӯзгор

Асари арзишманди тарбиявӣ

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Эҷодиёти адиби хушзавқ Зариф Ғулом аз мавзӯи таълиму тарбия ва меҳнату заҳмати муаллимон маншаъ мегирад, зеро ӯ зиёда аз даҳ сол дар мактабҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба омӯзгорӣ машғул буд.

Соли ҷорӣ нашриёти «Балоғат» асари нави нависандаро бо номи «Ҳамсинфон» пешкаши хонандагони гиромиқадр гардонд.

Муаллиф қиссаи мазкурро аз тасвири макони муқаддас - мактаб оғоз намуда, аз таърихи ташкилёбии муассиса ва ҳаёти нахустин омӯзгори он Мухтор Хоҷаев сухан меронад.

(Ин махзани дониш - мактаби ибтидоиро муаллим Мухтор Хоҷаев соли 1936 ташкил карда буд).

Адиб дар раванди тасвири меҳнати пурмашаққат, вале боифтихори омӯзгорон аз директорони мактаб, ки дар пешрафти дониш, тарбияи хонандагон саҳм гузоштаанд, ёдовар мешавад.

Соли таҳсили 1959 - 1960 ба вазифаи директори мактаб Саъдулло Абдулазизови аштӣ омад. Ин дилбохтаи касб лаҳзае қарору оромӣ надошт. Пайваста пешниҳодҳои нав ба нав ва шавқовар менамуд. Дар давраи роҳбарии ӯ мактаб соҳиби боғ гардид. Дастаи харгӯшпарварони мактабро ташкил дод.

Муаллиф дар асараш шароити душвори маҳал ва ҳақиқати ҳолро нишон дода менависад, ки ин муассиса дар хоҷагӣ мактаби ягона буда, толибилмон аз 7 деҳа ҳар пагоҳӣ барои саводомӯзӣ дар гармою сармо масофаи 4 - 6 километрро тай мекарданд.

Бурди асосии асар дар он аст, ки муаллиф вобаста ба ҳар як ҳамсинфаш маълумоти мухтасар дода, хислату одат, шавқу ҳавас, майлу рағбат, маҳорату истеъдод, донишу малака ва касбу кори онҳоро дар алоҳидагӣ тасвир менамояд.

Адиб бо ифтихор қайд менамояд, ки гарчанде аз байни ҳамсинфон шахсиятҳои таърихӣ, ходимони сиёсиву давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба майдон наомада бошанд ҳам, онҳо ҳамчун инсонҳои асил зиндагӣ карда, номи худ ва касби хешро доғдор накарда, дар ободу зебо гардонидани диёри азизашон саҳми арзанда гузоштанд.

Бояд қайд намоям, ки забони асар хеле самимӣ, содаю равон буда, хонанда мавриди мутолиа хастагӣ эҳсос намекунад.

Хайрулло Ҳакимзода,

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш