Нашрияи Омӯзгор

Хирадманду садоқатпеша

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 149        Шарҳ: 0

 

Устод Ҳабиб Искандаров бо дили бузургу тинати омӯзгорӣ тавонистааст дар разми рӯзгор ҳастию умри бобаракати хешро баҳри рушди соҳаи маориф бахшад ва ҳамеша аз манфиати омӯзгорон ҳимоя намояд. Ба ҳар гӯшаи диёр, ки сафар кунем, дар ҳар маҳфил вақте сухан аз кори мактаб ва таълиму тарбия меравад, нахуст номи ӯ ба ҳайси мутахассиси маъруф, мактабшинос, фидоии соҳа ва ё ҳамчун муаллифи ифтихории нашрияи Вазорати маориф ва илм -  «Омӯзгор» муаррифӣ мешавад.

Дарвоқеъ, ҳангоми варақ задани саҳифаҳои шумораҳои солҳои охири 80 ва аввали  90-уми садаи 20-и наш-рияи мазкур чашм ба  рубрикае  бо номи «Пурсед, ҷавоб мегӯем» бармехӯрад, ки  масъули он устод Ҳ.Искандаров мебошад. (Дар маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» ҳам чунин гӯша ба номи устод ихтисос дода шуда буд.) Ҳамчун мутахассиси таҷрибадори соҳа ба муҳимтарин масъалаҳои соҳаи маориф дахл карда, ба саволи омӯзгорони ҷумҳурӣ, ки дар кори таълиму тарбия ба мушкилиҳо бархӯрд кардаанд, ҷавобҳо гуфтааст. Чунончи, «Савол: Донишкадаи санъатро (1986) тамом кардам ва 5 сол китобдор будам. Аз соли 1985 муаллими мусиқии мактаб мебошам ва ҳоло роҳбари кружокам ва 7 соат дарс дорам. Ставкаи кории ман аз кадом ҳисоб аст ва чанд сумро ташкил мекунад? (Т. Азизов, ноҳияи Совет). Ҷавоб: Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошем, собиқаи педагогиятон 6 сол буда, чун муаллим ставкаи шумо 140 сӯм (моддаи 14 - и дас-туруламал…) ва чун роҳбари кружок 125 сӯмро (моддаи 22 - и дастуруламал …) ташкил мекунад. Шумо бо ин дастуруламал (оид ба муайян кардани маоши коркунони маорифи халқ) дар шуъбаи маориф шинос шуда метавонед. Ҳ. Искандаров, шореҳи «Омӯзгор»» («Омӯзгор», №22, 20 майи соли 1991). Ин намуна муште аз хирвор аст. Ба ҳамин минвол, Ҳ. Искандаров  ҳамчун хазинадори соҳа ба беш аз 200 саволи омӯзгорон, ки ба масоили гуногуни иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ иртибот доранд, ҷавоб гуфтааст.

Устод Ҳ. Искандаров ҳеҷ гоҳ дар кори худ хастагиро ҳис накардааст. Бо он ки дар вазифаҳои гуногуни соҳа: омӯзгор, муовини директори мактаб, мудири кабинети методии шуъбаи маориф, бозраси шуъбаи маориф, мудири шуъбаи маориф, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёна ва сардори раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва зиёда аз 20 соли охир дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ҳайси мудири кабинети таҷрибаи пешқадам ва мушовир  фаъолияти пурмаҳсул кардааст, дар эҷоди мақолаҳои методиву таҳлилӣ, рисолаву дастурҳои таълимӣ низ дасти қавӣ дорад.

Соли 2018 ӯ китоби 50-уми хешро бо номи «Ҳикмати рӯзгор» тавассути нашриёти «Эр-граф» (иборат аз 600 саҳифа) пешниҳоди ҳаводорон кард. Саҳифаи аввали китоб бо байти машҳури устод Садриддин Айнӣ:

То аҳли замони мо бидонанд, ки ман

Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам,

 оро ёфтааст, ки созгор бо ному муҳтавои китоб ва фаъолияти босамари муаллиф мебошад.

Мундариҷаи китоб аз ду пешгуфтор ва 5 қисмат ихтисос ёфта, пешгуфторҳо ба қалами академикон Абдуҷаббор Раҳмонзода «Ҳомии омӯзгорон» ва Муҳаммадюсуф Имомзода «50-умин китоби устод муборак!»  мутааллиқ мебошанд.

А.Раҳмонзода ба фаъолияти доманадори Ҳ.Искандаров бо як  эҳтироми хоса ва воқеъбинона баҳогузорӣ кардааст: «Гумон намеравад, ки номи Ҳабибулло Искандаровро нафаре аз аҳли маорифи ҷумҳурӣ нашунида бошад. Инро ба он хотир бо эътимод ба забон меорам, ки ӯ воқеан ҳам, устоди ҳамаи омӯзгорони ҷумҳурист. Устоде, ки аз шодию ифтихори омӯзгорон меболад, ҳама ҷо ва дар ҳама замон истеъдодҳоро меҷӯяд, онҳоро то ҳадди имкон дастгирӣ мекунад. Номбурда яке аз чеҳраҳои сазовору шинохтаи соҳаи маориф буда, ёрдамаш ба ҳамаи онҳое, ки ба маслиҳату дастгирӣ ниёз доранд, беғаразона мерасад ва шогирдон бо нишони меҳр ба ӯ ҳамчун ба пири маориф муносибат менамоянд».

Ҳамчунин, М. Имомзода, ки масъулияти чопи китоби мазкурро бар дӯш гирифтааст, дар мавриди  қудрату тавонмандии Ҳабиб Искандаров чунин изҳори андеша кардааст: «Ростӣ, вақте ба саҳифаҳои ин китоб назар афкандам, ба як хулоса омадам: на ҳар кас қудрати ин қадар ташвишу изтиробро дар сар доштану ба забон овардан ва навиштан дорад. Устод аз сиёсат мегӯяд, аз маориф мегӯяд, аз мактабу омӯзгор ва хонанда мегӯяд ва пайваста гуфтанаш боҳадаф аст: ислоҳи нуқсон ва рушди соҳа, масъулиятшиносӣ ва риояи волоияти қонун. Ин аст рисолати воқеии устод!»

Қисми якуми китоб «Сиёсат, маориф ва замон» номгузорӣ шуда,  дар он мақолаҳое ҷой дода шудаанд, ки масъалаҳои маориф аз нигоҳи сиёсӣ ва замон таҳлилу баррасӣ шудаанд. Аз мақолаҳое, ки дар қисмати якуми китоб ҷой дода шудаанд, 4-тои он сирф ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бахшида шудааст ва онҳо чунин ном доранд: «Мулоҳиза роҷеъ ба як қонуни муҳим», «Қонуни маориф бояд самарбахш бошад», «Чун қонун догма нест…», «Ҳама худро бояд масъул донанд». Ҳ.Искандаров таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи маориф дошта, аз ин лиҳоз, огоҳмандона мавзӯъро интихоб ва воқеъбинона онро таҳлилу баррасӣ мекунад ва боз муҳим он аст, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо пешниҳодҳои ҷолиб манзур менамояд. Аз ҷумла, дар мақолаи «Қонуни маориф бояд самарбахш бошад» муаллиф чунин мулоҳизаронӣ кардааст: «Қонуни маориф бояд ҷавобгӯи қонунгузорӣ бошад. Кормандони низоми маориф аз он бояд ба тамоми саволу хоҳишҳои худ ҷавоб ёфта тавонанд. Умуман, чунин ҳуҷҷатҳои муҳим бояд дар муҳокимаи ҷомеа бошанд, то ки омӯзгорон, олимон, ҳуқуқдонҳо ба он тақриз диҳанд; қонун халқӣ бошад, солҳои зиёд хизмат кунад, ба забони ноби тоҷикӣ навишта шавад; дастрасу фаҳмо бошад, механизми тадбирро муайян карда бошад, низоми таҳсилотро ба тартиб дарорад…»

Мавзӯъҳои дигари мақолаҳои дар ин қисмат овардашударо масъалагузориҳо дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти низоми соҳаи маориф, аттестатсияи кормандони педагогӣ ва роҳбарикунанда, машварати августии омӯзгорон, мактаби таҷрибаи пешқадам ва фаъолияти инноватсионӣ, мақом ва ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон, такмили ихтисоси омӯзгорон, таълими равиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғайра ташкил дода, хеле муҳимму актуалӣ мебошанд.

Қисми дуюми китоб «Ҳуҷҷатгузорӣ – шарти муҳим» номгузорӣ шуда, Ҳ.Искандаров таъкид мекунад, ки «кори соҳа бе ҳуҷҷатгузории муносиб натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад». Биноан, муаллиф дар асоси мушоҳидаву таҷрибаҳо як қатор ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ва феҳристи истифодаи намунаи парвандаҳоро мураттаб сохтааст. Ҳамчунин, дар ин қисмат баъзе дастуру  мақолаҳои методӣ оид ба истифодаи журнали синф ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми давлатӣ, масъалаҳои идоракунӣ, банақшагирии фаъолияти муассисаи таълимӣ, нақшаи фаъолияти иттиҳодияи методӣ, нақша-конспекти дарс  ва ғайра ҷой шуданд. Агар масъулини соҳа аз ҷумла, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф,     роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони синфу иттиҳодияҳои методӣ аз онҳо самаранок истифода баранд, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҷоннок шуда, сифати таҳсилот таъмин хоҳад гашт.

Қисмати сеюми китоб «Масъулият дар таълим ва мавқеи масъулин дар он» ном дорад. Муаллиф дар ин қисмат кӯшидааст навиштаҳоеро ҷой диҳад, ки дар таълим киҳо вазифадоранд ва чӣ гуна масъулиятҳоро бар дӯш доранд ва дар робита ба ҳамин мавқеи таълимдиҳанда, таълимгиранда ва роҳбарро возеҳу равшан нишон медиҳад. Муаллиф дар мақолаи «Идораи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосаро талаб мекунад» андешаҳояшро чунин баён кардааст: «Имрӯз бо усулҳои анъанавӣ кор кардан мувофиқ нест. Дар таълиму тарбияи шогирдон аз усулҳои фаъоли таълим (ғайрианъанавӣ) истифода бояд бурд. Вагарна мо қафо хоҳем монд. Кормандони педагогии шуъба ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд беҳтар хонанд, дониш гиранд, сатҳи дониши назариявӣ ва амалии худро баланд бардоранд, аз навгониҳои замонавии идоракунӣ, усулҳои санҷиши тобеони худ бархӯрдор бошанд, фазои таълимро бо маводи таълимӣ, илмӣ-методӣ, маърифатӣ ғанӣ гардонанд.»

Қисми чоруми китоб «Шинохти чеҳраҳо» номгузорӣ шуда, муаллиф дар ин бахш хонандаро бо чеҳраҳои саршиноси соҳаи маориф, омӯзгорону дӯстоне, ки воқеан дар соҳаи маориф хидмати шоиста кардаанд, шинос мекунад.

Қисми панҷуми китоб «Шинохти устод» устод ном дошта, ба ду бахш ҷудо шудааст. Дар бахши аввал хонанда устодро аз нигоҳи худаш мешиносад ва дар бахши дуюм бошад, аз нигоҳи дӯстону шогирдон ва адибону нависандагон ва рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик.  Масалан, дар бахши аввал бо овардани баъзе тавсияҳо ва суханҳои пандомезаш хонанда мефаҳмад, ки муаллиф дар кадом ҷойгоҳ қарор дорад: ҳақиқатҷӯ, меҳнатдӯст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст, инсонпарвар, боадолат, ғамхор …

Аслан, китоби ҳар муаллиф муаррифи худи ӯст, вақте ба саҳифаҳои китоби устод назар мекунем, як чеҳраи маъруфи соҳаи маорифро мебинем, чеҳрае, ки бе мактабу маориф ӯро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин маъниро адибону нависандагон ва рӯзноманигорони шинохтаи тоҷик Зиё Абдулло, Абдуқодир Раҳим, Абдурауф Муродӣ, Марямбонуи Фарғонӣ, Саидаи Фазл ва Шодӣ Раҷабзод дар мусоҳибаву навиштаҳояшон хеле хуб ифода кардаанд. Мураттибу муҳаррири бештари китобҳои устод, рӯзноманигор Саидаи Фазл дар лавҳаи «Ҳабиби муаллимон» баҳои мактабшиноси дигари тоҷик Ҳ.Содиқовро, ки бо устод ҳамкор буданд, мувофиқ овардаст: «Муаллим шахси ниҳоят меҳнатӣ ва дилсӯзи коранд, ҳатто, ҳини беморӣ ҳам дар хона машғули омӯзишанд. Наздашон  бисёриҳо  меоянд,  чизеро  пурсидан  ва донистан  мехоҳанд.  Ба  ҳама  ҷавоб  меёбанд,  агар маълумоти аниқ надошта бошанд, ҳатман ҷавобашро ба фардо  мегузоранд,  касеро  фиреб  додан  намехоҳанд, саҳеҳият ва ростиро меписанданд. Барои ҷавоби равшан ва  асоснок  аз  адабиёти  мавҷуда  ҷустуҷӯ  мекунанд,  аз шахсони масъул мепурсанд, то касро қонеъ нагардонанд, ором  намегиранд.  Гумон  мекунам,  Ҳабибуллои  мо  аз арзандаҳо  ҳам  арзандатар  ба  ҳар  гуна  мукофоти  олӣ ҳастанд».

Шоир,  адиб ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик Абдурауф Муродӣ низ бо илҳоми саршор ва муҳаббате, ки ба ин фидоии соҳаи маориф дорад, дар ситоиши ӯ гуфтааст:

Қавимарди маорифгустарӣ ту,

Саропоят бувад зикри маориф.

Ба ҳар маҳфил, ба ҳар манзил, ба ҳар ҷой

Набошӣ орӣ аз фикри маориф.

Ноилшоҳ Нурализода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш