Нашрияи Омӯзгор

Муаллими Собир

Сана: 2020-04-23        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

…Вақте ки барои такроран санҷидани баъзе далелҳо ба  устод занг задам, рӯз ба торикшавӣ майл дошту эшон акнун азми корбароӣ доштанд. Аз рафти суҳбат мазмун бардоштам, ки чун ҳамешагӣ серташвишанд.

Аз як тараф, омодагӣ ба аттестатсияи омӯзгорон, аз тарафи дигар, омӯхтани тавсияҳои ҷаласаҳои корӣ ва баррасии ҳолати иҷроиши онҳо, ҳамзамон, масъалаҳои иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар, сатҳу сифати дарсҳои намунавӣ, фурсат дарёфта дар ҷаласаи ҳавзаи интихоботӣ ширкат намудан  ва ғайраҳо.

Меҳнатдӯстӣ, ҷустуҷӯи хастагинопазир баҳри баланд бардоштани сифату самараи кор, ҳалолкорӣ. Кам касонеанд, ки имрӯз чунин заҳмати муттасилро ба худ раво донанд. Устоди коллеҷи омӯзгории Мастчоҳ Собирмаҳмад Шарифовро ба сифати мудири дафтари методии коллеҷ пешбарӣ карданд, дар гирдоби андешае печиданд, ки оё омӯзгорон  усули корбариашонро қабул медошта бошанд? Охир,   ӯ кӯҳнақолабиро намеписандад.

Ҳоло омӯзгорон нисбат ба солҳои пешин бештар масъулиятшинос шудаанд,- иброз доштанд устод ва бо табассум илова намуданд:- Оё мешавад, ки аз нафарон кор талаб кунию худ намунаи ибрат набошӣ? Ин «фармонхӯҷагӣ»  аст.

Бале, талаб ҳам андоза дорад. Ин нуктаро устод хеле нозук дарк мекунанд.

Боре баъди ҷаласае бо устод суҳбати алоҳида оростам.   

- Гузариш ба низоми кредитии таълим муаммоҳои зиёдеро ба миён овард- гуфтанд кӯтоҳакак устод.

- Боке нест,- гуфтам.

- Чаро? - бо ҳайрат ба ман нигаристанд. –Мо ба ин низом оғоз кардем, ҷои қафогардӣ нест. «Ташкиливу мушкилӣ» гуфтаанд. Мушкилот ҳамеша дар  оғози ягон кори  нав ба вуҷуд меояд, мисли  нарасидани синфхонаҳои муҷаҳҳаз, китобхонаи электронӣ…       

Маълум гардид, ки  таи ду-се соли охир вазъият ба таври мусбӣ тағйир ёфта. Бо азму талоши устод Собирмаҳмаду чанде аз ҳамкоронашон истифодаи низоми нави  таълимӣ вусъат ёфта, самара дод. Донишҷӯён, ки пештар танҳо вазифаи шунавандаро иҷро намуда, аз омӯзгорон донишҳои тайёрро дар шакли лексияҳо мешуниданд, акнун худ фаъол шудаанд…

- Аммо мо сари масъалаи дигар имрӯз андеша дорем, аттестатсияҳои тестӣ, ки танҳо аввал дар шакли коғазӣ буданду ҳоло дар шакли электронӣ мегузаранд,  ба баъзе намудҳои фанҳо номувофиқатӣ зоҳир мекунанд. Масалан, омӯзандагони забонҳо бояд маҳорати гуфтан ва имлодониро намоиш диханд, ки шакли тестӣ дар ин бобат монеъ мешавад…

Чанд рӯз пеш устодро дар маркази миллии тестӣ, ҳангоми қабули довталабон вохӯрдам.

- Боз барои ягон мушкилиро ҳал кардан омадед-? – суолашон кардам.

Қиёфаи устод аз ноҷӯрӣ дар фаъолияти марказҳои дар деҳот ташкилшуда дарак медод. Огоҳӣ доштам, ки масъулони аз шаҳр омада аз бетаҷрибагию содагии довталабони деҳот суиистифода карда, баъзан ба интихоби озоди  онҳо монеъ гардида,   хости худро таҳмил мекунанд.  

- Агар ҳолатҳои дахолат такрор шаванд, - воқеияти  рейтинги муассисаҳои маълумоти миёнаи касбии деҳот  номаълум мемонад, ин як. Дуюм ин, ки довталаб мувофиқи имкониятҳои молиявии оила, дараҷаи дониши худ ва ниҳоят касби дӯстдоштааш амал карда наметавонад, - бо таассуф изҳор намуданд устод.

Дар рафти суҳбат аз масоили муҳими ҳалталаби имрӯзаи коллеҷ пурсон шудам.

- Ҷое, ки  кор ҳаст, масъалаи ҳалталаб ҳатман сар мезанад. Вале маро бештар масъалаҳои пешрав гардондани корҳо, дарёфт кардани роҳҳои мувофиқ  ба худ мекашанд. Масалан, ҳоло ҳам истифодаи воситаҳои техникӣ дар рафти дарс аҳамияти худро гум накардааст. Аммо маро қонеъ намегардонад, ки устодон асосан  бо истифодаи проектор қонеъ мешаванд.  Ин амали кайҳо куҳнашуда ба ҳисоб меравад. Вақти он расидааст, ки аз тахтаҳои электронӣ фаровон истифода барем. 

Устодро гоҳо сахт озурда мебинам, аз он ки насли навини донишҷӯёну омӯзгорон камҳавсалаанд эҷодкорӣ дар онҳо тухми анқост. Танҳо дилгармию некназарӣ, чолокию чораандешӣ метавонад касро ба манзили мақсуд бирасонад. Муваффақиятҳои аҳли коллеҷ  шаҳодати ин гуфтаҳост. Маҳз бо ибтикори он кас чанде пеш маротибаи аввал на танҳо омӯзгорону донишҷӯён ба навиштани мақолаҳои илмию методӣ пардохтанд, балки маҷмӯаи нахустини онҳо таҳти унвони «Килки номанигор» ба табъ расид, ки ин такони ҷиддие буд дар пешрафти кор. 

Устодро таҷрибаи бою рангини зиндагӣ, донишу маҳорат ва малакаи корӣ, тӯфонҳои  «ҷанги афғон», мушкилоти солҳои 90-ум, фаъолияти бисёрсолаи хизмати давлатию ҷамъиятӣ  пухта гардонидаю обу тоб додаанд. Он кас имрӯз на танҳо сабақгӯю мӯниси шогирдон, балки маслиҳатгари аҳли ҷомеа, паҳнкунандаи матбуот, ташаббускори таҳлилу баррасии эҷоди адибони тоҷик мебошанд.

Ин чанд сатре, ки иншо гардид, пораҳои парокандае аз фаъолияту пайкори  устоди пухтакор Собирмаҳмад Шарифов, ки дар як вақт  чашму чароғи маърифати деҳот ба шумор мераванд, мебошад.

 

Шехмирзо Раҷабӣ,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш