Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар Шуғнон

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 82        Шарҳ: 0

 

Дар деҳаи Спинзи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаи таълимии асосӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он дорои 9 синфхона, китобхона, синфи компютерӣ, хонаи муаллимон, ҳуҷра барои рушди кӯдак ва бинои системаи гармидиҳӣ буда, барои таҳсили 100 нафар хонанда дар назар дошта шудааст.

Барои сохтмони ин таълимгоҳ аз ҷониби Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 960 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар расми ифтитоҳи мактаби нав раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, директори Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Қурбоналиева ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Фестивал хотирмон буд

Дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор гашт. Фестивал аз мактаби рақами №8-и ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ оғоз ёфта, дар таълимгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо идома ёфт.  Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-и ноҳияи Шуғнон ба номи Гулзорхон Раҳмонқулов Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» хотирмон буд. Дар ин ҷо пеш аз оғози ҷорабинӣ дар саҳни мактаб намоиши асарҳои бачагона ва осори адибони муосири вилоят баргузор шуда, толибилмони мактаб аз бузургии китоб, нақши он дар таълиму тарбияи насли наврас ва ташаккули донишу ҷаҳонбинии инсон ҳарф заданд.

Директори китобхонаи бачагонаи вилоятӣ Муҳаббат Назарбекова оид ба ғановати бойи мероси адабии миллати тоҷик, тозагии забони тоҷикӣ дар равнақу ривоҷи тамаддуни ҷаҳонӣ ва дар рӯҳияи ин баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, ташаккули хештаншиносию ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ҳарф зад. Адибон аз ашъори тозаэҷоди худ шеърҳо хонданд.

Ҷ. ҚОЗИБЕКОВ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш