Нашрияи Омӯзгор

515 компютер харидорӣ шуд

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 143        Шарҳ: 0

 

Директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон Акмал Нурализода изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” бояд дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар давоми 5 сол 19 580 адад компютер харидорӣ карда шавад. Айни замон, дар ин самт кор муташаккилона ҷараён дорад. 

Номбурда афзуд, ки тибқи  қарори мазкур дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон соли 2020 бояд 3909 компютер ва 239 тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Алҳол 515 компютер (13%) ва 18 тахтаи электронӣ (8%) харидорӣ шудааст. Ҳамчунин, 360 компютери корношоями муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят таъмир гардиданд.

 

Бунёдкорӣ дар вилоят

Тибқи иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” аз оғози соли 2020 6 муассисаи таълимӣ ва 26 синфхонаи илова (дар 5 мактаб) комат афрохт. Гуфта шуд, ки дар ин муддат муассисаи таълимии №11-и ноҳияи Кӯшониён бо 240 ҷойи нишаст, муассисаҳои таълимии №12-и деҳаи Мулкон бо 210 ҷойи нишаст ва №46-и деҳаи Маҷити ноҳияи Балҷувон бо 96 ҷойи нишаст, муассисаи таълимии №38-и шаҳри Кӯлоб бо 240 ҷойи нишаст, 4 синфхонаи илова дар муассисаи таълимии №12-и ноҳияи Панҷ бо 96 ҷойи нишаст, 2 синфхона дар муассисаи таълимии №11-и ноҳияи Носири Хусрав бо 48 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, берун аз барномаи мазкур синфхонаҳои илова барои 698 нафар ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, 5 синфхона дар мактаби №67-и ноҳияи Ёвон барои 120 ҷойи нишаст, 5 синфхона дар муассисаи таълимии №20-и шаҳри Кӯлоб бо 240 ҷойи нишаст, 6 синфхона дар муассисаи таълимии №9-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо 144 ҷойи нишаст, 6 синфхона дар муассисаи таълимии №34-и Балҷувон бо 144 ҷойи нишаст, 2 синфхона дар муассисаи таълимии №5-и шаҳри Левакант бо 50 ҷойи нишаст сохта шудааст.

 

Имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон

Мутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Моҳкалон Султонзода соли равон 127 омӯзгор аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Левакант, Восеъ, Данғара, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Дӯстӣ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав бо замини наздиҳавлигӣ ва қарзҳои имтиёзнок таъмин гардиданд.

Мавсуф изҳор дошт, ки татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 3 майи соли 2006, №197) «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар ҳудуди вилояти Хатлон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудааст.

- Бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ ҳастем ва баҳри мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи мутахассисони ҷавон кӯшиш мекунем. Ин аст, ки раванди ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст, - иброз дошт М. Султонзода.

С. АЗИЗӢ,

 вилояти Хатлон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш