Нашрияи Омӯзгор

Номаи ояндасози илму маориф

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷод, барҳақ, ҳамчун дастури ҳидоятгар барои олимону адибон, омӯзгорон ва дигар соҳибназарон мебошад ва тамоюлҳои солонаи фаъолияти ононро муқаррар менамояд.

Он аз барномаҳои бузурги маънавист, ки омил ба эҷоди корномаҳои наҷиби ақлонӣ, таҷассуми андешаҳои ояндасози маорифпарварону донишмандон ва адибон дар саҳифаҳои мақола ва китобҳои арзишманд зикр гардида, аз ин роҳ ҷомеаро низ ба самти равшани маърифатпарварӣ, маънавиятгароӣ, худшиносиву худогоҳӣ раҳнамун месозад.

Ин тадбири Пешвои миллат дар заминаи баргузории мулоқоти навбатии хеш, ба ташаббуси наҷибе, ки дар Паёми навбатии Cарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) дар робита ба эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» пайванд мегирад. Аз ин лиҳоз, мо, ҳамагон, шоҳиди он будем, ки дар меҳвари суханронии Пешвои миллат шеваву роҳҳои ҷалби насли наврас ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, дастгирии омӯзгорони риштаҳои мазкур қарор гирифт.

Воқеан, ниёгони шарафманди мо, на танҳо дар ташаккули улуми инсонӣ, аз ҷумла, адабиёт, таъриху фарҳангшиносӣ, мантиқу фалсафа ва ирфон нақши бузург гузоштанд, балки ҷавҳар ва асолати зуҳури бештари илмҳои дақиқ, аз ҷумла, риёзиёт, табиатшиносӣ, кимиё, ҷуғрофиё, ҳандаса, тиб ва амсоли инҳо низ ба номи донишмандони бузурги гузаштаи мо, чун Хоразмӣ, Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯнасри Форобӣ, Носири Хусрав ва дигарон рабт мегирад, ки ба таъкиди Пешвои миллат; «кашфиёту дастовардҳои илмии онҳо дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд».

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба масъалаи омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар навбати аввал ба ҳамин тадбири муҳим пайванд мегирад, ки бояд имрӯз олимону донишмандони тоҷик дубора мақоми бузурги таърихии илми тоҷикро барқарор созанд ва барои расидан ба инқилобҳои илмиву техникӣ ҷойгоҳи пешсафии хешро дигарбора соҳиб шаванд. Мо ҳамасола дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар шоҳиди ифтитоҳи мактабҳои нави замонавӣ мешавем. Дар баробари ин, тавре дар суханронии Пешвои миллат таъкид шуд, дар даврони Шӯравӣ дар мамлакат ҳамагӣ 9 муассисаи олии таълимӣ мавҷуд буда, шумораи умумии донишҷӯён наздики 70 ҳазорро ташкил мекард. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҷумҳурӣ ба 40 адад расида, шумораи муҳассилин беш аз 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат дар мактабҳои олии мамлакат ихтисосҳои замонавӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ омода карда мешавад. Зарурати он пеш омадааст, ки барои истифода аз чунин шароити мусоид дар роҳи тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ ва рушди тафаккури техникии насли наврас ҳамвора талош намоем.

Хушбахтона, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ барои тақвият ёфтани кори маҳфилҳои илмӣ, озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ корҳои шоиста анҷом пазируфта шудааст. Ҳамчунин, муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои фаннӣ ва дастгоҳҳои техникии муосир таъмин мебошанд.

Дастгирии лоиҳа ва барномаҳои илмии хонандагону донишҷӯён ва устодону олимон низ дар иҷрои барномаи рушди илмҳои мазкур мусоидат мекунад, дар ин замина, умедворем силсилаи тадқиқоти бунёдӣ рӯи кор омада, рушди истеҳсолот, хоса барои дастёбӣ ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишварро таъмин менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни вохӯрӣ бо олимони кишвар бамаврид таъкид доштанд: «Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад».

Дарвоқеъ, ин Паёмномаи Пешвои миллат вазифаи муқаддас ва пуршарафи аҳли илму маорифро мушаххас намуда, дар рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технология, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва фаъолияти якҷояи самаровари устодону олимон, омӯзгорону донишҷӯён, пешниҳоди лоиҳаву барномаҳои ояндасоз ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар илму истеҳсолот такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Обидҷон МАҲМУДЗОДА,

корманди Вазорати маориф ва илм,

номзади илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш