Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон муайян гардиданд

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Кормандони раёсати маорифи вилояти Хатлон бо мақсади татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2016-2020» даври дуюми озмуни қабули духтарону писарони лаёқатманди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро ба муассисаҳои олии касбии кишвар баргузор намуданд. Озмуни хатмкунандагон дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақша тасдиқ гардида, бо иштироки намояндаи раиси вилоят ва комиссияи ноҳиявӣ ҷараён ёфт. Ҳайати комиссия аз шумораи 837 нафар довталаб 165 нафарро барои 33 ҷой ба даври ниҳоӣ пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Восеъ ҳайати комиссия аз шумораи 540 нафар довталаб,182 нафарро барои 30 ҷой, Ш.Шоҳин аз шумораи 221 нафар довталаб 130 нафарро барои 28 ҷой, Ҳамадонӣ аз шумораи 135 нафар довталаб 89 нафарро барои 21 ҷой ва Ховалинг аз шумораи 755 нафар довталаб, 160 нафарро барои 34 ҷой ба даври ниҳоӣ пешниҳод намуданд. Аксарияти довталабон гурӯҳӣ ихтисосҳои кластери 4 ва 5-ро интихоб намудаанд, ки ба ҳар як ҷой то 50-60 нафар довталаб рост меомад. Ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ихтисоси кластерҳои 1,2 ва 3 талаботи довталабон ниҳоят суст буд. Барои донишгоҳи олии касбии вилояти Бадахшон ягон довталаб ба қайд гирифта нашуд. Ҷараёни баргузории озмун собит намуд, ки корҳои ташвиқу тарғиботи касбӣ дар байни хатмкунандагон мувофиқи мақсад нест. Хатмкунандагон барои кадом касб мувофиқ будани дониши худро муайян карда наметавонанд. Маълум гардид, ки омӯзгорон ба касбинтихобкунии шогирдон чандон аҳамият намедиҳанд.

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш