Нашрияи Омӯзгор

Таъсири афсона

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 81        Шарҳ: 0

 

Равоншиносон ҳамин гуна ақида доранд, ки таълиму тарбияи кӯдак маҳз дар давраи дар синфи ибтидоӣ таҳсил намуданаш оғоз мегардад. Бояд гуфт, ки дар ҳамин давраи кӯдакӣ таҳкурсии бинои инкишоф ва фаҳмиши ӯ гузошта мешавад.

Онҳо дар ин синну сол таваҷҷуҳашон ба шеъру афсона, зарбулмасал ва тезгӯякҳо бештар аст.

Ва омӯзгор муваззаф аст, ки шогирди кӯчакашро нахуст ба назокату фасоҳати забони модарӣ шинос намуда, баъдан ба онҳо шеърҳои            кӯтоҳҳаҷми шуароро хонда, ба ин восита, дар дили онҳо дӯст доштани китобҳои бадеиро бедор намояд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, муаллими синфҳои ибтидоӣ бояд бо завқу салиқаи баланд роҳу равиши махсуси худро дошта бошад.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бештар кӯшиш мекунанд, ки завқи бадеии кӯдаконро тавассути яке аз жанрҳои паҳншудаи дӯстдоштаи           бачаҳо - афсона, ки борҳо аз бибиву бобо ва падару модар шунидаанд, баланд бардорад. Вақте омӯзгор афсонаро шурӯъ мекунад, ҳама шогирдон бо шавқу завқ гӯш медиҳанд ва дар дил орзу мепарваранд, ки мисли қаҳрамонҳои мусбати ҳамин афсона бошанд. Масалан, омӯзгор, вақте афсонаи “Нахӯдак”-ро барои шогирдон нақл мекунад,  ҳама бо шавқ гӯш мекунанд ва баъдан омӯзгорро саволборон мекунанд, ки чаро номи ӯ Нахӯдак буд? Чаро бо ин ҳама ҷисми  хурд доштанаш чаққон буд, ба корҳои падару модар мадад мерасонд? Яъне, кӯдакон аз корнамоиҳои аҷибу ғариби Нахӯдак шоду хурсанд шуда, мехоҳанд мисли Нахӯдак гапгиру гапдаро бошанд. Ҳамчунин, омӯзгор метавонад, аз афсонаҳои кӯтоҳ, ба мисли “Гунҷишкак”, “Рӯбоҳ ва гург”, “Бузаки ҷингилапо” ва садҳо афсонаҳои дигар шавқу ҳаваси шогирдонро ба хондани китобҳои  бадеӣ аз хурдӣ зиёд гардонад. Дар ин миён боз афсонаҳое ҳастанд, ки ба тариқи назм  навишта шудаанд ва шавқи кӯдакро ба сухани манзум бештар мекунанд.

Масалан, таваҷҷуҳ кунед, дар афсонаи “Гунҷишкак” вожаҳои хеле зебо пайи ҳам чида шудаанду аз онҳо оҳанги аҷиберо хонанда дар худ дармеёбад. Дар ин маврид кӯдак ҳатман ин калимаҳои ширину шеворо ба зеҳни худ  мегирад ва ҳамчунин, метавонад аз ёд бикунад: “оби дидааш селу дарё шуд, осиёбҳо гардон шуданд, одамон  ҳайрон шуданд, нохост дар пеши ҳавлияш як пахтазори сап-сафед шукуфта пайдо шуд”.

Гунҷишкак ба назди ресанда, бофанда, буранда ва дӯзанда рафта, хоҳиши худро такрор ба такрор мегӯяд: “ Инро гиру рес-рес карда, деҳ, рес-рес накунӣ, хоната вайрон мекунам, бачата гирён мекунам, ҳавлита чун оғилу каҳдон мекунам”. Яъне, бояд гуфт, ки афсона дар ҳаёти кӯдакон нақши арзандаеро мебозад, ақлу заковати онҳоро сайқал медиҳад ва онҳо ба қаҳрамонони афсона унс мегиранду тарзи рафтору гуфторашон дигар мешавад, бештар ба китоб рӯ оварда, аз бозиҳои компютерӣ дурӣ меҷӯянд. Ё худ, ҳамон афсонаи машҳури “Бузаки ҷингилапо”-ро гирем, ки борҳо дар хонавода аз модаркалону модар шунидаем. То ҳол дар мактаб бачаҳо онро бо шавқу рағбат гӯш мекунанд:

Манам Бузаки ҷингилапо,

Мезанам ба ҳар ду по:

Кӣ хӯрдааст Алӯли ман?

Кӣ хӯрдааст Булӯли ман?

Афсонаи “Бузаки ҷин-гилапо” ҳам бо ҳама содагияш ҷиҳати амиқи тарбиявӣ дорад. Дар ин афсона модар бузичаҳоро таъкид мекунад, ки дарро ба рӯйи бегонаҳо накушоед, аммо онҳо ҳарфи модарро гӯш накарда, дарро ба рӯйи гург кушода, ба балои азим гирифтор мешаванд...

Равоншиносон ба он назаранд, ки хусусияти таълимии афсона аз он иборат аст, ки садову овози қаҳрамонҳо ва инчунин, суруду таронаҳои шифоҳии содаву шавқангезе, ки хонанда дар онҳо дармеёбад, барои ташаккули нутқу муоширати бачаҳо мусоидат мекунад. Мардуми тоҷик дар афсонаву суруду таронаҳои шифоҳиаш хислатҳои беҳтарини инсонро, ба мисли ҷасурӣ, садоқату шарафу вафодорӣ тараннум намудааст.

 

Саодат ФАЙЗУЛЛОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №93, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш