Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгорбонуе аз деҳаи Зеробод

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 73        Шарҳ: 0

 

Дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ омӯзгорбонуе бо номи  Фирӯза Раззоқова умр ба сар мебарад, ки бо кору пайкор, латофату назокат, ҷасорату шарофат, хоксорию иффат ва донишмандию заковаташ дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст.

Ин бонуи хирадро бори аввал дар яке аз ҷаласаҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ дидам. Муаллима дар бораи меъёрҳои забони адабӣ, ҳусни баён, маданияти гуфтор, одоби муошират, каломи саҳеҳ, талаффузи дурусти вожаву калимаҳо андешаронӣ карда, ҳозиринро бо донишу фаҳмиши баланд ба ваҷд овард, зеро ба қавли Унсурулмаолии Кайковус “ҳар киро забон хуштар, ҳавохоҳони ӯ бештар”.

Таассурот аз ин нишаст боис гардид, ки ба мактаби яке аз деҳаҳои калонтарин ва зеботарини ноҳияи Айнӣ - Зеробод биоям. Гирду атрофи таълимгоҳ тозаю озода, дар роҳравҳои он тасвирҳои муқаддасоти миллӣ, шиору овезаҳои иттилоотии гуногун, расму плакатҳо оид ба таърихи деҳа, мактаб ва нашрияҳои деворӣ бо салиқаи хос ҷой дода шудааст. Қобили тазаккур аст, ки ин даргоҳи маърифат дар озмуни ноҳиявӣ “Мактаби беҳтарини сол-2019” эълон гардид.

Сарварии ин муассисаи номдорро қаҳрамони қиссаи мо Фирӯза Раззоқова бар уҳда дорад. Мавсуф зодаи ҳамин деҳа буда, пас аз хатми дабистон донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент гардидааст. Муддате дар мактаби деҳа ба хонандагон илму фан омӯхт. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши худ ва такмили маҳорату малакаи омӯзгорӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (факултаи таъриху ҳуқуқ) супорид. Пас аз хатми донишгоҳ бо диду нигоҳи нав ва кулбори ғании илму ирфон кори хешро идома бахшид. Фаъолияти пурвусъаташро ба назар гирифта, Фирӯзабонуро ба вазифаи ҷонишини директор пешниҳод намуданд. Дар иҷрои ин масъулият омӯзгори пурталош аз худ маҳорати баланди ташаббускорӣ нишон дод. Бояд гуфт, ки Фирӯза Раззоқова ҳамчун омӯзгори заҳматқарину соҳибкасб маҳбуби ҳамагон гашта. Маҳз  ҳамин хусусиятҳои волояш ӯро дар байни омӯзгорон ва аҳли деҳа соҳиби обрӯ ва эътибори баланд намудааст. Мавсуф ду солест, ки роҳбарии таълимгоҳро ба зимма дорад. Дар ин давра раванди таълиму тарбия дар муассиса боз ҳам беҳтар гардид. Дар яке аз дарсҳои омӯзгор иштирок намуда, яқин  кардам, ки сабаби маҳбубияташ дар ҷомеа сарчашма аз худомӯзию худафрӯзӣ мегирад. Доир ба мавзӯи “Муборизаи шоҳзодаҳои Суғд ба муқобили арабҳо” маълумот дода, маводи зиёди таърихиро ба хонандагон пешниҳод намуд.

Фирӯза Раззоқова гуфт, ки рӯзи 12-уми сентябри соли равон 5500-солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ният дорад, ки хонандагонро ба шаҳри Саразми бостонӣ барад, то ки аз таърихи ниёгони худ аз наздик ошно шаванд.

Ҳамчунин, номбурда аз соли 2012 вазифаи ҷамъиятии раиси Шӯрои занони шуъбаи маорифи ноҳияро ба уҳда дорад ва саъю кӯшиш менамояд, ки дар татбиқи таъкидҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа саҳми арзанда гузорад.

Хизматҳои содиқона ва софдилонаи омӯзгори асил борҳо бо ифтихорномаҳои шуъбаи маориф, раёсати маорифи вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ҲХДТ (дар ноҳия, вилоят) ва нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”  қадрдонӣ шудааст.

Ногуфта намонад, ки дар конфронси 14-уми ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Фирӯза Раззоқова ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешбарӣ шуда, дар интихобот бо гирифтани аксарияти овозҳо ғолиб омад. Ин пирӯзиро ба муаллима табрик гуфта, барояш муваффақиятҳои беназир таманно мекунем.

Бобоҷони Нурзод,

узви Иттифоқи

нависандагони Тоҷикистон,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш