Нашрияи Омӯзгор

Дар ҳошияи “Пайкори мӯрон”

Сана: 2020-04-16        Дида шуд: 108        Шарҳ: 0

 

(Вожаномаи Муродӣ)

Китоби “Пайкори мӯрон”-и Абдурауф Муродиро гирифтаму дар як нишаст хондам. Хулосаи ман чунин аст: мақоли “як сухан 366 паҳлу дорад” дуруст набудааст: Муродӣ 367-умин паҳлуи суханҳои одии моро ошкор кардааст! Бовар накунед, ба ин вожаномаи устоди танз таваҷҷуҳ кунед: 

Зан – намак: марди якзана – марди бонамак, марди дузана – марди шӯр.

Яхдони холӣ – оғӯши холӣ.

Меҳмони шӯравӣ – дуди мӯрӣ, меҳмони муосир – дуди димоғ.

Нависанда – деҳқон, мунаққид – комбайн.

Раис – шикампарвар.

Зани раис – раисаи раис.

Бевазани фарзанддор – ситораи думдор.

“Ҷони ширин” – асари фантастикӣ.

Оғӯши зан – қароргоҳ, оғӯши маҳбуба – шикоргоҳ.

ҳамқадами замон – ҳамқадами занон.

Фоҳиша – мавизе, ки чил қаландар мехӯрад.

Симчӯб – маъшуқаи маст.

“01” – хушдоман, “03” – ҳамсоя.

Дугонаи зан – ягонаи ман.

Ҷамъияти ибтидоӣ – зану мард дар ҷойгаҳ.

Оқибати сел – акт.

Оғӯши маҳбуба – паноҳгоҳи сиёсӣ.

Ошиқи гул – боҷаи булбул.

Бӯса – нонпари рухсор.

Забони ишқ – забони бе сарфу наҳв.

Нархи дору – неши ору.

Дафтари андоз – чоҳи бетаг...

 

Бар хилофи Абдурауф Муродӣ дар муқоваи охир “тамом” наменависам, сенуқта мемонам, чунки зарофатгӯйиҳои ӯ давом дорад!

Азим Байзоев


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш