Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти вазорат вусъат меёбад

Сана: 2020-04-15        Дида шуд: 250        Шарҳ: 0

 

10-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар семоҳаи якуми соли 2020 доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар cемоҳаи аввали соли 2020 суханронӣ кард. Дар оғоз мавсуф таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба талими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм, консепсияву стратегияҳо ва барномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Қайд гардид, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятнок буда, фарогирии кӯдакон тадриҷан афзуда, теъдоди муассисаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ ба 662 ва шумораи тарбиятгирандагон ба 102175 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2018-2019 26 муассиса ва фарогирии кӯдакон бо теъдоди 5597 нафар зиёд шудааст. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3884 ададро ташкил дода, аз онҳо 315 муассиса таҳсилоти ибтидоӣ, 442 муассиса таҳсилоти умумии асосӣ ва 3127 муассиса миёнаи умумӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 146 адад буда, аз ҷумла, 75 ададро гимназия ва 71 ададро литсей ташкил медиҳад. Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 124 593 нафар (74 046 зан) ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 033 900 нафар (980 766 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Муовини якуми вазир, ҳамчунин, зикр намуд, ки дар ин давра сатҳи сифати таҳсилот ва натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тибқи  санҷишҳои гурӯҳҳои кории вазорат ба 39,5% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 98% баробар аст. Сифатнокӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1 фоиз баланд шудааст. Дар доираи ҳамкориҳо бо шарикони рушд 216 лабораторияи таълимии муосир аз фанҳои физика, химия ва биология (72 лаборатория аз ҳар як фан) бо таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ ба маблағи зиёда за 1 млн. евро харидорӣ ва моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ ба 10 муассисаи таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 муассисаи таълимии вилояти Хатлон, 17 муассисаи таълимии вилояти Суғд, 5 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе ва ба 13 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас шуданд. Ин имкон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои такягоҳии таълимии фанҳои мазкур ташкил карда шавад.

Таҳлили рафти иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» нишон медиҳад, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 95 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки 11,1% иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Инчунин, тибқи талаботи барнома дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд 413 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ сохта мешуд. Мутаассифона, то имрӯз ҳамагӣ 17 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ таъсис дода шудааст, ки 4,1%-и иҷрои онро ташкил медиҳад.

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» низ қонеъкунанда нест. Тибқи талаботи нақшаи барномаи мазкур, муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бояд дар 5 сол 52017 адад компютер харидорӣ намоянд.

Нақшаи харидории компютер дар соли 2020 10 396 адад буда, 1030 адад компютер харидорӣ шудааст, ки он 10%-и иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 69 311 адад компютер мавриди истифода қарор дорад. Инчунин, дар соли 2020 нақшаи хариди таҳтаҳои электронӣ 653 адад буда, 99 адад харидорӣ гардидааст, ки он 15%-и иҷрои нақшаро нишон медиҳад, -зикр намуд М. Саломиён.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҷиҳати ба роҳ мондани олимпиадаҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ низомномаҳои олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ таҳия ва дар мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон тасдиқ гардиданд. Аз 21 олимпиадае, ки дар ҷумҳурӣ доир мегардад, 10 олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошад.

Хонандагони кишвар баробари муваффақиятҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Моҳи январи соли ҷорӣ хонандагони кишвар дар олимпиадаи байналмилалии Жаутиковӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар олимпиадаи мазкур, ки 82 даста (640 нафар хонанда) аз 20 кишвари дунё иштирок доштанд, хонандагони кишвар сазовори 12 медал (2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардиданд.

Хонандагони ҷумҳурӣ аз 13 то 18 марти соли 2020 дар 5-умин Олимпиадаи математикии Кавказ «СМО 2020», ки дар шаҳри Майкопеи Ҷумҳурии Адигеяи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, хонандаи синфи 9-и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби медали тилло ва ҷоизаи махсуси кумитаи тадорукот гардид, - қайд кард М. Саломиён.

Мавсуф, ҳамчунин, таъкид намуд, ки дар ҷумҳурӣ 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи 8 равия: омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, ҳуқуқ ва варзиш мутахассисонро омода менамояд. Ҷиҳати мустаҳкам намудани пояи меъёрии ҳуқуқии ин зинаи таҳсилот дар давраи ҳисоботӣ “Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021 ва “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-2021” таҳия ва бо қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва тасдиқ гардиданд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм моҳҳои январ - феврали соли ҷорӣ беш аз 60 стандарти фаннии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳия, тасдиқ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардиданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо шарикони хориҷии худ доир ба 30 ихтисоси академӣ стандарту нақшаҳои таълимиро аз нав коркард ва ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии пешакӣ пешниҳод намуданд. Инчунин, корҳо ҷиҳати таҳияи стандартҳо ва нақшаҳои таълимии аз рӯи 46 ихтисоси дигар аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома доранд. Мутаассифона, новобаста аз натиҷаҳои ба дастоварда, дар раванди азхудкунии маблағҳои грантӣ аз тарафи баъзе муассисаҳои таълимӣ бетаваҷҷуҳӣ ба назар мерасад.

Дар соли 2020 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 181 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 53811 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 6 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 2355 ҷойи нишаст ва 1 адад муассисаи томактабӣ барои 120 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.

Дар доираи ҳамкориҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Россия 20 нафар омӯзгори забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон ба курси бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи вилояти Ивановои Федератсияи Россия дар заминаи донишкада курсҳои омӯзишии “Менеҷмент дар соҳаи маориф” бо ҷалби 2 нафар мутахассиси ин муассиса барои 80 нафар корманди донишкада ва филиалҳо баргузор карда шуд. Дар маҷмӯъ, давоми соли равон дар 300 курси нақшавӣ ва дигар курсҳои ғайринақшавии донишкада ва филиалҳо ва курсҳои дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гузаронидашуда 7313 нафар такмили тахассус намуданд.

Масъалаи иҷрои нақшаи фарогирии омӯзгорону кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо то ҷое ҳалли худро ёфта бошад ҳам, мутаассифона, баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, Рашт, Сангвор, Роғун, Тоҷикобод ва ВМКБ камтар аз 80 фоизро таъмин намудаанд.

Яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илм таҳия, нашр ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мебошад. Дар ин давра 5 номгӯй китоби дарсӣ, 4 номгӯй дастури методии роҳнамои омӯзгор, 1 номгӯйи китоби дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 1 номгӯйи барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нашр шуд, ки дар маҷмӯъ, дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 213 ҳазору 830 нусха адабиёти гуногуни таълимиро ташкил медиҳад.

Айни замон чопи 35 номгӯй китоби дарсӣ ба теъдоди 2 млн. 752 ҳазору 780 нусха дар чопхонаҳои ватанӣ идома дошта, давра ба давра нашр ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешаванд.

Муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён фаъолияти раёсатии илм ва инноватсия, раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва дигар зерсохторҳои Вазорати маориф ва илмро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Дар музокира сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Одинашо Мардов, вилояти Хатлон Диловаршо Исозода, вилояти  Суғд Осим Каримзода  ва сардори сарраёсати шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ суханронӣ намуда, фаъолияти вазоратро дар се моҳи аввали соли равон қаноатбахш арзёбӣ намуданд ва вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа пешниҳодҳои худро манзур карданд.

Котиби ситоди Вазорати маориф ва илм Ҷалолиддин Амиров вобаста ба риояи қоидаҳои гигиенӣ, пешгирии сирояти коронавирус ва корҳои анҷомдода дар ин самт дар муассисаҳои таълимӣ маълумот дод.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019), мулоқот бо кормандони соҳаи маориф, илм ва аҳли эҷод (18.03.20) ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, равона карда,  ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти соҳа аз ҷумла, иҷрои барномаҳои давлатӣ, таъмини сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳо ва роҳ надодан ба изофанависӣ дар баҳогузорӣ ба дониши хонандагон, истифодаи мақсадноки озмоишгоҳҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби бештари хонандагон  ба омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, бақайдгирии хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташхиси саривақтии китобҳои дарсӣ ва омода кардани стандарту барномаҳои нави таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи нишаст дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 Дар анҷом вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар се моҳи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда қарори дахлдор қабул гардид.

 

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш