Нашрияи Омӯзгор

Пешгирии бемориҳои сироятӣ

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 139        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ вобаста ба бемории нави сироятии коронавирус ва пешгирии он дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ машварат баргузор гардид. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева зикр кард, ки ҳадаф аз ҳамоиш  дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо машварати мутахассисони соҳа дар байни муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Таҳмина Усмонова, мудири шуъбаи санитарию эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла гуфт, ки новобаста ба он ки то имрӯз дар мамлакат сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, муассисаҳои тандурустии шаҳр дар ҳолати омодабош қарор доранд. Таъкид гардид, ки ҳамагон бо ҳисси масъулиятшиносӣ тадбирҳои андешидаи кормандони соҳаи тандурустиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус комилан риоя намуда, ба ҳар гуна овозаҳои бепоя дода нашаванд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш