Нашрияи Омӯзгор

Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 114        Шарҳ: 0

 

Дар кишварамон ҳамасола Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо иштироки адибону навқаламон ва ҳаводорони каломи бадеъ баргузор мегардад. Оғози бошукӯҳи ин ҳамоиш 2 апрели соли равон дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ бо иштироки адибони шинохтаи вилояти Суғд Муқим Воҳидов, Додохони Эгамзод, Юсуф Насрулло, Саиднабӣ Наҷимӣ, Матлуба Ёрмирзоева ва наврасони эҷодкору аъзои фаъоли китобхона таҳти унвони «Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст» баргузор гардид. Рӯзи аввали ин фестивал ба 70-солагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил  Муқим Воҳидов бахшида шуд. Дар бораи фаъолият ва дастовардҳои эҷодии ин қаламкаши хушсалиқа адибону шоирон андешаҳои худро иброз доштанд. Барномаи фарҳангӣ-бадеии хонандагони литсейи №1, мактабҳои мусиқии №№1 ва 2-и шаҳри Хуҷанд ҳуснафзои ин маросим гардид.

Дӯстдорони каломи бадеъ Муқим Воҳидовро бо асарҳои пурмуҳтавову хонданбобаш, амсоли  «Ашки ишқ», «Дунёи бевафо», «Ёд макун, ашк марез», «Оби зулол» хуб мешиносанд. Инчунин, порчаҳои назмиву  насрии адиб  дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Омӯзгор» ва ғайра нашр гардидааст.

Муқим Воҳидов айни замон дар литсейи физикӣ-математикии №1-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун омӯзгор ба таълиму тарбияи насли нав-рас машғул буда, мекӯшад дар беҳдошти сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон саҳм гирад.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

Мавлуда ҲОҶИБОЕВА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш