Нашрияи Омӯзгор

Рушди малакаҳои хониш

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 83        Шарҳ: 0

 

Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳо доир ба рушди малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ як қатор чорабиниҳоро ба сомон мерасонад. Дар лоиҳаи мазкур 75 дар сади омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Моҳи феврали соли равон аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов барои мониторинг ва арзёбии фаъолияти Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” Вайсиддин Исмоилов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлуда Атаева,  мудири бахши таҳлил ва назорати Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбаладии намояндаи лоиҳа аз муассисаҳои таълимие, ки таълимашон бо забони тоҷикӣ ва русиянд, дидан карданд. Дар тӯли се рӯз бо директорони муассисаҳо ва роҳбаладони сатҳи муассисаи таълимӣ оид ба чорабиниҳое, ки дар доираи лоиҳа доир мегардад, суҳбат гузаронида шуд.

Ҳамчунин, ба синфхонаҳо ворид гардида, бо “Гӯшаи китоб”, ки аз корҳои хонандагон, аз қабили китобҳои худсоз, расмҳо, маводи аз рӯйи мазмуни асарҳои хонда сохташуда, аёниятҳои таълимӣ оид ба беҳтар намудани малакаҳои хониш иборатанд, шинос шуданд. Аз хонандагон оид ба китобҳои хондаашон пурсон шуданд.

Аз ҷараёни истифодаи китобҳое, ки аз тарафи лоиҳа ба китобхонаҳои муассисаи таълимӣ ройгон тақдим шудааст, маълумот пайдо карданд. Маълум гардид, ки омӯзгорон барои боз ҳам хубтар шудани сифати таълим саҳми худро гузошта истодаанд.

Муаззам ЯҲЁЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии

мактаби №5-и шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш