Нашрияи Омӯзгор

Риояи қонун ҳатмист

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд барои беҳбудии ҳаёти мардум ва тарзи зиндагонии аҳолӣ як зумра қонунҳо таҳия ва қабул гардиданд.

Таъсири онҳо дар ҳаёти рӯзмарра баръало аён аст. Яке аз қонунҳои бисёр муҳим ва ҳамзамон зарурӣ, ки аз ҷониби омма якдилона пазируфта шуд,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мебошад.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки бидуни қонун ҳам волидон нисбат ба тақдири фарзандон бетафовут нестанд ва фарзандон низ замоне қарзи худро адо мекунанд, вале воқеияти зиндагии солҳои охир нишон дод, ки падару модарон аксар вақт масъулияти худро хуб дарк накарда, вақти худро бо кӯдакон кам мегузаронанд. Бо супоридани кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ волидон гумон мекарданд, ки тарбиятгар бояд танҳо мураббӣ, устод ва дигар кормандони муассисаанд. Худ ҳамчун омӯзгор чандин толибилмро дар хотир дорам, ки мутаассифона, то хатми мактаб боре падар ва ё модарашон вориди муассиса намешуданд, дар маҷлисҳои падару модарон иштирок намекарданд. Баъди қабули қонуни номбурда гӯё волидон аз хоби гарон бедор шуданду нақшаи кории худро низ тағйир доданд ва робитаашон бо мактаб бештар гардид. Имрӯзҳо бидуни даъват ва ташкили маҷлисҳо ҳам волидон кӯшиш мекунанд ҳадди ақал соле як ё ду маротиба аз ҳолу аҳволи фарзандон бохабар бошанд. Ба муаллимон тариқи суҳбатҳои телефонӣ низ дар иртиботанд, ки ин гуна муносибат масъулияти худи муаллимонро низ бештар менамояд.

Дар баробари ин, волидоне буданд, ки пайваста фарзандони худро назорат мекарданд, нисбат ба тақдирашон бетафовут набуданд, аммо афсӯс, ки фарзандон дар дами пирӣ эшонро сарпарастӣ намекунанд.  Бисёр хуб аст, ки ин ҷанбаро низ ба инобат гирифта, дар қонуни мазкур дар мавриди масъулияти фарзандон ҳам сухан меравад. Ин гуна ҳаётиву воқеӣ будани қонун аз он дарак медиҳад, ки ин санадҳо дар натиҷаи омӯзиши умқи ҳаёти ҷомеа ба тасвиб мерасанд. На танҳо ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, балки  дигар қонунҳои қабулшуда, аз ҷумла, ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” бисёр саривақтӣ ва манфиатоваранд.

 

Ш. Бӯриева,

 омӯзгори синфҳои

ибтидоии мактаби № 42, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш