Нашрияи Омӯзгор

Шароити мувофиқ омили комёбиҳост

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 163        Шарҳ: 0

 

Омӯзгорӣ, воқеан ҳам, пешаи пуршараф аст ва омӯзгор миёни мардум аз эҳтирому эътиқод бархӯрдор мебошад. Дар ҷомеаи мо мақому манзалати омӯзгор мунтазам боло меравад ва ба ин, пеш аз ҳама, фаъолияти густурдаву пурҷабҳаву тозакоронаи гурӯҳи калони омӯзгорон, аҳли маориф ва муассисаҳои таълимӣ мусоидат карда. Имрӯз дар ҳар шаҳру ноҳия теъдоди зиёди омӯзгорон ба таълиму тарбия машғуланд, ки бо заҳмати пурсамарашон номваранд, таълимгоҳҳоро пешбаранд ва мактабҳоро шуҳратафзоянд. Дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам  бо  роҳбари пуртаҷрибаву кордонаш, ҳам бо омӯзгорони фаъолу навовараш ва ҳам бо бинову дарсгоҳҳои ободу муҷаҳҳазаш шуҳратёру эътирофшуда аст. Директори ин таълимгоҳ Зайниддин Зунунхоҷаев аз собиқадорони маорифи шаҳр буда, солҳои тӯлонист, ки дар арсаи таълиму тарбия пирӯзмандона фаъолият дорад, дар вазифаҳои масъули соҳа кор  кардаву  таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Ӯ аз сулолаи омӯзгорон мебошад ва аз ин ифтихорманд асту мегӯяд:

-Аксари гузаштагони ман пешаи омӯзгорӣ доштаанд ва имрӯз низ чандин пайванду хешу таборам омӯзгоранд. Раҳматӣ падарам Маҳмуд Зунунхоҷаев дар паҳнои маориф фаъолияти бавусъат доштанд. Дар Инс-титути муаллимтайёркунии шаҳрҳои Марғилон ва Қӯқанд (Ӯзбекистон) ҳамчун муаллими калон ва мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик кор кардаанд (солҳои 1950-55). Сониян, дар вазифаҳои нозири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, ҷонишини директори мактаб-интернати рақами 1-и шаҳр, директори Институти такмили ихтисоси муаллимони вилояти Суғд идомаи фаъолият бинмудаанд. Солҳои 1973-1982 мудири маорифи шаҳри Хуҷанд ва дар марҳилаи охири умрашон директори  мактаби рақами 3-и шаҳр буданд. Бо мукофотҳои зиёде сарафроз гардонида шудаанд. Мо, ворисон,  мекӯшем, ки посдори номи неки падар ва идомабахши кори эшон бошем…

Сарвари таълимгоҳ Зай-ниддин Зунунхоҷаев бар он аст, ки барои ба комёбиҳои шоиста дастрасӣ пайдо кардан, муҳимтар аз ҳама, бояд шароити созгор ҷиҳати кори пурсамар фароҳам овард. Мактабе, ки чанд сол қабл аз ин ӯро роҳбараш таъйин карданд, солҳо боз аз таъмиру такмил барканор монда буд. З.Зунунхоҷаев, ба ифодаи маъмул, ба ҳазору як дар сар халонда, ҳазору як тадбир ҷуста, бо иродаи қавӣ аз пайи ободонии таълимгоҳ шуд. Дар андак муддат боми мактабро, ки солҳои охир мечакиду ба ашёи дарсгоҳҳо зиёни ҷиддӣ мерасонд, тунукапӯш сохт, фарши 23 синфхона ва чандин кабинетро бозсозӣ кард ва толори варзишро низ таъмири куллӣ бинмуд. Кабинетҳои суруду мусиқӣ, химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ, технология, таърих ва ҳуқуқ, ҳамчунин, дафтари методӣ пурра таъмин ва ба тариқи замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Таълимгоҳ иловатан 20 компютер, якчанд тахтаи электронию проектор ва ба миқдори зиёд мизу курсии нав дастрас намуд. Чун шароити кор беҳ шуд, сатҳу сифати таълиму тарбия низ боло рафт, эътимоду эътибори волидон ба дабистони фарзандонашон бештар гашт, сафи  хонандагон қариб як баробар афзуда, аз 420 нафар ба беш аз 750 нафар расид. Шогирдони таълимгоҳ солҳои охир дар маъракаҳои илмию маърифатию фарҳангии шаҳру вилоят, дар озмуну мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат меварзанд. Чанде аз хонандагони соҳибистеъдод дар даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии мактабиён сазовори ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардиданд. Дар байни хонандагони мактаб гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва стипендияи раиси вилоят ҳастанд, ки бешубҳа, дар оянда мутахассисони варзида дар соҳаҳои гуногун хоҳанд шуд. Шогирдони ин муассисаи таълимӣ ба варзиш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва дар ин самт низ ком-ёбанд. Соли гузашта хонандаи таълимгоҳ А.Бобокалонов дар сабқати гӯштӣ дар мусобиқаи байналхалқие, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гашт, сазовори медали биринҷӣ ва хонанда  У.Каримов дар сабқати ҷаҳонии гӯштигирон дар шаҳри Маскав сазовори медали нуқра гардиданд. Хонандагони дигар-М.Шарифов, А.Абдуллоев, Н.Муллоев ва И.Юлдошев дар мусобиқаи  байналхалқӣ оид ба гӯштӣ (дар шаҳри Душанбе) соҳиби медалҳои тилло шуданд.

Омӯзгорони таълимгоҳ илова ба он ки ҳамарӯза дарсҳои рангину пурмуҳтавою шавқовар ва маҳфилҳои муассиру хотирмон баргузор менамоянд, дар маъракаҳои гуногуни шаҳрӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Онҳо бо волидони хонандагони ҳамкории пурсамар доранд ва инро аз омили муҳими комёбӣ дар таълиму тарбияи шогирдон медонанд. Аксари омӯзгорони мактаб муаллифони силсилаи мақолаҳо ва дастурҳои таълимиянд, навиштаҳояшон дар нашрияҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ мунтазам ба табъ мерасанд. Худи сарвари таълимгоҳ З.Зунунхоҷаев дар ин самт низ намунаи ибрати кормандон аст ва яке аз муаллифони фаъоли нашрияи  шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд - «Оламоро» мебошад.

-Мо, пеш аз ҳама, бар он мекӯшем, ки шогирдонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллат тарбия намоем, - мегӯяд директори муваффақ Зайниддин Зунунхоҷаев. - Садоқат ба халқу Ватан аз умдатарин хислатҳоест, ки мо бояд ба насли наврас талқин бисозем. Ҳикматҳои созандаву раҳнамое ба гунаи зер бояд шогирдони моро ҳамеша сари забон ва муҷиби ифтихор бошанд:

Халқи  мо бар нусрати нав

мерасад,

Эй Ватан, поянда бошӣ то

абад!

А.Муродӣ

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш