Нашрияи Омӯзгор

Чанд маълумоти ҷолиб

Сана: 2020-04-09        Дида шуд: 120        Шарҳ: 0

 

Диофан (риёзидони Юнони қадим, асри 3-и пеш аз мелод) натанҳо системаи муодилаҳои хаттӣ, балки системаи муодилаҳои ғайрихаттиро ҳал карда метавонистааст, ки гувоҳаш масъалаи зерин аст:

Ду ададеро ёбед, ки суммаи онҳо ба 20 ва суммаи квадратҳои онҳо ба 208 баробар бошад. (ҳаллаш: ададҳои 8 ва 12).

Математикҳои Хитой ҳам 2000 сол пеш аз ин системаҳои муодилаҳои хаттиро ҳал карда тавонистаанд, ки намунааш ин аст:

Дар қафас чӣ қадар тазарв (мурғи даштӣ) ва харгӯш нигоҳ дошта мешавад, ки агар сарҳои онҳо 35-то ва пойҳояшон 95 – то бошад? (Ҳаллаш: 23-то тазарв ва 12-то харгӯш).

Юнониҳои қадим низ масъалаҳоеро ҳал мекардаанд, ки онҳо ба ҳал кардани системаи муодилаҳо оварда мерасонанд.

Масалан:

Хару хачир борҳои вазнинро меоварданд. Хар гила карда ба хачир гуфта:

-Бори ман вазнин аст.

Хачир ба вай ҷавоб дода гуфт:

-Чӣ гила мекунӣ? Агар ман як халтаи бори туро гирам, он гоҳ бори ман ду баробари бори ту мешавад. Агар ту як халтаи бори маро гирӣ, онгоҳ борҳоямон баробар мешаванд.

Хару хачир чанд халтагӣ бор меовардаанд?

(Ҳаллаш: 5 ва 7 халтаӣ).

Асосноккунии тарзҳои гузориш ва ҷамъкунии ҳалли системаҳои муодилаҳо дар асрҳои XVII-XIX ба вуҷуд омада, он ба  қалами П.Ферма, И.Нйутон, Л.Эйлер, Г.Леёбнитс, К.Гаусс ва дигарон мансуб аст.

Шариф Абдуллоев,

омӯзгори математикаи мактаби №8, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш