Нашрияи Омӯзгор

Неруи пешбар

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 124        Шарҳ: 0

 

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ муҳаррикеанд барои рушди иқтисоди миллӣ ва замонатномаеанд ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ва тарбияи наврасону ҷавонон.

Пешвои миллат ҳамеша тамоми  имконияту василаҳоро ба хотири таҳкими  пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ диққати махсус зоҳир менамоянд ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорат қарор медиҳанд. Маҳз ҳамин талошҳост, ки ахиран сатҳи саводомӯзӣ дар ҷумҳурии азизамон боло рафта, шумораи шаҳрвандоне, ки барои гирифтани маълумоти миёна ва олии касбӣ саъю талош доранд, рӯз аз рӯз меафзояд.

Мавриди зикр аст, ки дар коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти омӯзиши навтарин падидаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла, “Ҳуши сунъӣ» ба таҳкими пойгоҳи техникии муассисаи таълимӣ, харидории навтарин воситаҳои техникии электронӣ камари ҳиммат бас-таанд.

Дар Паёми навини Сарвари давлат таъкид гардидааст, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор бигзоранд ва ҳам камари ҳиммат банданд,  ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намоянд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.

Дар муассисаи таълимии мо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарсҳои тарбиявӣ дар замина анҷом дода мешаванд, зеро бегонаситезӣ (ксенофобия) ва таҷзияталабӣ (экстремизм)  дар замони печида ва пурталотуми имрӯза аз масъалаҳои доғтарин маҳсуб меёбанд ва ин ду падидаи манфӣ дар шаклҳои мухталиф буруз менамоянд. Вақте сари ин мавзӯъ ҳарф мезанем, бояд дар мавриди таҳаммулпазирӣ (толерантность), таҳаммулнопазирӣ (интолерантность)  ва хатари иҷтимоии таҳаммулнопазирӣ огаҳӣ дошта бошем. Таҳаммулнопазирӣ манбаи инкишофи бегонаситезӣ, бадбинии қавме ва ё тоифае маҳсуб ёфта, аз лиҳози решашиносӣ мансуб ба забони юнонист: xenos — бегона  ва  phobos — тарс.

Дар баробари ин ҳама, падидаҳои дигаре низ  бо номҳои «Этнофобия» ва «Ксенофилия» арзи вуҷуд намудаанд.  Этнофобия падидаест, ки тарсу ваҳмангезиро алайҳи гурӯҳи муайяни этникӣ ба бор меорад. Ксенофилия бегонапарастист. Ин падидаҳо ҳам номатлуб буда,  тарсу бадбиниро дар баробари гурӯҳи муайяни этникӣ эҷод менамоянд.

Ксенофобия яке аз сарчашмаҳои асосии экстремизм маҳсуб меёбад.  Ксенофобия хоси ағлаби инсонҳо буда, метавонад як падидаи табиии муҳофизакоронаи аксари намояндагони башарият дар баробари таъсироти манфии омилҳои берунӣ бошад ва аз ҷониби дигар, ҳамчун омили тахрибкор ба манбаи муноқишаву зӯроварӣ ва таҷзияталабӣ табдил ёбад.  Таърих гувоҳ аст, ки тарсу ваҳму даҳшат дар баробари бегонагон омили асосии пайдоиши ҷамъият будааст. Мардум, аниқтараш, ҳамқавму ҳамқабилаҳо бо дарки он ки зиндагӣ пур аз хатарҳост - бо мақсади ҳаллу фасли ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, дар ҳудуди сукунат ба ҳам меомаданд. Аз ин лиҳоз, ксенофобия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи давраи тӯлонӣ, зери таъсири омилҳои воқеии табиӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ дар баробари эҳтимолияти хатару таҳдид рӯнамо шудааст.  

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат роҷеъ ба бузургдошти яке аз нодиртарин осори таърихӣ ва эътирофи он аз ҷониби ЮНЕСКО - Саразми бостон ва таҷлили 5500-солагии ин меросӣ миллӣ ёдовар шуда, чунин фармуданд: «Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад». Чунин қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, воқеан ҳам, мояи ифтихор ва сарфарозии тоҷикон аст. Аз ин ҷост, ки устодону шогирдони коллеҷи технологиву инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент дар амри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд.

Ҳидоятҳои Президенти муҳтарам дар робита ба бузургдошти 5500-солагии Саразм ва заминаи  мусоид фароҳам овардан ба рушди ҷаҳонгардӣ (туризм) самар овард. Шумораи сайёҳону ҷаҳонгардоне, ки аз Панҷекати куҳандиёр дидан менамоянд, рӯз аз рӯз меафзояд. Бо назардошти ояндадор будани ин самт шумораи довталабон ҷиҳати шомил шудан ба ихтисоси туроператор ва турагенти  коллеҷи  технологиву инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бештар мегардад. Дар муассисаи таълимӣ барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Айни замон барои донишомӯзони соҳаи туризм роҳномаву луғатномаи мухтасари касбии соҳаи туризм таҳия шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар муассисаи таълимӣ наздики 80 дарсади устодону омӯзгоронро   ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз ҷавонони пурғайрат ҳастанд, ки сиёсати давлатиро дар рушди технологияи инноватсионӣ ва дастрасӣ ба иттилооти фаврӣ таъмин менамоянд.

 

 Суҳроб ҲАСАНОВ,

ҷонишини директори

коллеҷи технологӣ ва

инноватсионӣ дар

шаҳри Панҷакент оид

ба илм ва инноватсия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш