Нашрияи Омӯзгор

Туҳфаи вазир ба аҳли маориф

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 191        Шарҳ: 0

 

Вазири  маориф ва илми  Ҷумҳу-рии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода пас аз шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Вахш барои ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии муассисаҳо миқдори зиёди таҷҳизот ва асбобҳои аёниро туҳфа намуд. Арзиши онҳо 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Чи тавре ки мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Шеравган Маҳмадиев иттилоъ дод, ин иқдоми вазир аҳли маорифро рӯҳбаланд намуда, дар иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» мусоидат менамояд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва литсейи давлатӣ кабинетҳои технологияи иттилоотӣ бо таъмини тахтаи электронӣ бо маблағи 210 900 сомонӣ аз ҳисоби Сафоратхонаи кишвари Ҳиндустон, кабинети география ба миқдори 13 000 сомонӣ аз ҳисоби шахсони саховатпеша дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори инфиродӣ ба миқдори 37 800 сомонӣ кабинетҳои физика, химия ва биология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17, кабинети химия дар муассисаи таълимии №6 бо маблағи 7 800 сомонӣ, кабинети технологияи иттилоотӣ бо таъмини тахтаи электронӣ бо маблағи 12 000 сомонӣ дар муассисаи таълимии №2, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 12 300 сомонӣ синфхонаи компютерӣ дар муассисаи таълимии №23 муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш