Нашрияи Омӯзгор

Ҷавобан ба ғамхориҳо

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 167        Шарҳ: 0

 

Тавре Сарвари давлат дар Паёми худ иттилоъ доданд, соли гузашта ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳими дигари таълим, ки Президенти ҷумҳурӣ зимни суханрониҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, омода намудани мутахассисони забондон дар ҳамаи самтҳои фаъолияти соҳаи маориф мебошад.

Дар ҳақиқат, донистани забони хориҷӣ дар баробари забони модарӣ ба рушди малакаи инсон таъсири амиқ расонида, дар пешбурди тамоми соҳаҳо нақши бориз мебозад. Имрӯз, ки асри иттилоот ва ҷаҳонишавист, донистани забони хориҷӣ, бахусус, забони англисӣ дар омӯхтани илмҳои дақиқ ва навгониҳои тамоми соҳаҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Бо назардошти ҳамин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки: «Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем».

Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

Аз таҷрибаи омӯзгории худ ҳамчун омӯзгори забони англисӣ медонам, ки имрӯз рағбату шавқи насли наврас ва ҷавонон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус, англисӣ зиёд аст. Устодону омӯзгорон ва хонандагони мактаби №15-и шаҳри Панҷакент аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф, бахусус, муҷаҳҳаз сохтани синфхонаҳо, таъмини лавозимоти хониш, таъмиру бунёди мактабҳо ва ғайра илҳом гирифта, толибилмони ин муассисаи таълимӣ дар чандин озмун иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Президенти мамлакат зимни  сафарҳои худ ба шаҳри Панҷакент ба соҳаи маорифи шаҳр, бахусус, мактабу муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри пешрафти соҳа дастуру тавсияҳои муфид медиҳанд.

 

Макнунабону Ализода,

омӯзгори мактаби №15,

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш