Нашрияи Омӯзгор

Дастгирӣ

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 113        Шарҳ: 0

 

Ба рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пайваста таваҷҷуҳ менамояд ва дар соли таҳсили 2019-2020 бо дастгирии раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат ба  хонандагони ниёзманд ва ятимон ҷузвдон, лавозимоти хонишу китобҳои дарсӣ тақдим  карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим аз фанҳои физика, химия ва биология ба як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мизу курсӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ,  ҷевонҳои замонавӣ бо таҷҳизоти гуногуни физикиву химиявӣ ва биологӣ дастрас гардонда шуд, ки раванди таълиму тадрисрро пурсамар менамояд. Тавре ки дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст, аз ин ҷиҳат дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳия баҳри амалӣ гаштани омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз аҳамият холӣ нест. Хонандагонро лозим аст, ки таҷҳизоти нодирро истифода карда, онҳоро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.

С.Сабуров,

омӯзгор аз ноҳияи

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш