Нашрияи Омӯзгор

Модар бузург аст

Сана: 2020-04-02        Дида шуд: 125        Шарҳ: 0

 

Сухансароёни ҷаҳон модарро бузургвор ва муқаддас донистаанд ва ба бузургии ӯ сано хондаанд. Меҳри модар хуршедро мемонад, ки ба тамоми олам нур мепошад. Вақте ки симои нуронӣ ва нигоҳи меҳрубононаи модари бузургворро пеши назар меорам, беихтиёр байти зерини шоир ёдам меояд:

Сад ҷону дил фидои як муддаои

модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти

дуои модар.

Ранҷи модар барои ба камол расондани фарзанд бениҳоят бузург аст.

    Модар инсонҳои бузургро дар олами ҷисмонӣ меофарад ва зиндагии инсониятро таровати тоза мебахшад. Воқеан, тамоми бузургони ҷаҳон меҳромезтарин суханҳоро дар васфи модар гуфтаанд, ки нишонаи арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги ӯ мебошад.

Хушбахтона, даврони ис-тиқлолият барои модари тоҷик марҳилаи нави ҳаётро боз кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмо-малӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба ифтихори Рӯзи Модар изҳор доштанд: «Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд». Пешвои миллат ба зан-модар эҳтиром ва таваҷҷуҳи хоса доранд.

Бузургтарин хизмати Сарвари кишвар ба модарони тоҷик қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан буд. Садҳо модарони муштоқи фарзанд ба дидор расиданд. Иқдомҳои баъдинаи Сарвари давлат, аз ҷумла, Фармон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба устувории оилаҳо мусоидат намуданд.

Воқеан, Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат аз оғози даврони Истиқлолият то имрӯз ба неруи бузурги ақлонии занону модарон, матонату иродаи оҳанини онҳо такя мекунад.    Марҳила ба марҳила амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» имкон дод, ки неруи бузурги зан-модар дар пешрафти ҷомеа бештар истифода гардад. Хушбахтона, ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фоизро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ба шуғли доимӣ таъмин гардидани онҳо, ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна шуғл варзидани занону бонувон аз соли 2006 инҷониб грантҳои Президенти кишвар ҷудо гардида истодаанд.

Имрӯз садҳо нафар зан бо истифода аз ин лоиҳаҳо (грантҳо) ба соҳибкорӣ машғуланд ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, заргарӣ, пазандагӣ инкишоф медиҳанд.

Дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, намояндагон, ки чанде қабл баргузор гардид, аз ҳисоби занони лаёқатманд сафи вакилон боз ҳам зиёдтар шуд ва ин таваҷҷуҳи беандозаи давлат ва эҳтироми халқро ба зан-модар нишон медиҳад.

 

Малика БОБОЕВА,

 омӯзгори литсейи №3-и

барои хонандагони болаёқати  шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш