Нашрияи Омӯзгор

Модар ва баҳор

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 128        Шарҳ: 0

 

Боз баҳор омад! Аз баҳоре ба баҳори дигар расидан давлати бузургест. Шукрона, ки сарнавишту маҷрои зиндагӣ моро раҳнамои фасли гулфишон буд. Фасли тозарӯи рустанҳову шукуфтанҳо, хандаҳои субҳи баҳорӣ ва нағмаҳои дилнавозу таронаҳои сукутшикан!

 Накҳати атрогини баҳор ба машом мерасад. Баҳори нозанину гулбасар бо модари мушфиқу меҳрубон, ки аввалин ояи меҳру зиндагист, тавъаманд. Онҳо сиришти шукуфаҳоянд ва домони ҳар ду гулрезу гулбез аст. Чашми гулҳо боз шуда, хушкидаҳо сабз гаштанд. Парастуҳои баландпарвоз пайки растохези табиатро оварданд. Кабӯтарони хушиқбол номаи дили бози осмонро бо лутфи борони баҳор ва насими рӯҳнавози субҳи Ватан ба хонаи дилу чашм меоранд. Моро аз баҳоре ба баҳоре, аз қисмате ба қисмате пайвастанд.

Баҳори некпай бо ҷашни зебои меҳрофарин Рӯзи модар муждаи рози наву паймони тозаро меорад, ки ин беҳтарин ҳадя ва меҳру ихлосу эҳтиром ба модар аст. Модар оғози зиндагӣ, олами эъҷоз, меҳвари умр ва маъбади меҳру вафост. Ин ҳарфҳои сабзи мо эҳдо ба модар, ба қалби саршор аз муҳаббати ӯ, ба аллаҳои ӯ, ба меҳру садоқату матонату шарофату шафоати ӯст, ки ибтидо дораду интиҳо не!

Модар, ту беҳтарин фариштаӣ! Ҳақиқати зиндагии Модар ин ишқ варзидан, дӯст доштан ва фидокорӣ намудан аст. Ту мазҳари зебоию садоқатӣ ва тамоми хубиҳоро метавон дар номи покат хулоса кард.

Висоли баҳори тозарӯ ва дидору муҳаббату садоқату эҳтироми модари дилҷӯ бароямон муборак бод!

Мутрибахон Эшонова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш