Нашрияи Омӯзгор

Вусъати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 133        Шарҳ: 0

 

Поку беолоиш нигоҳ дош-тани забон аз омилҳои муҳимми тарбияи зебоипарастии насли наврас буда, он аз муносибатҳои ҳамарӯзаи волидон дар хона, омӯзгор дар мактаб ва калонсолон дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз меёбад.

Дар ниҳоди шогирдон тухми ҳунарро мепошаму барои нумӯъ кардани он пайваста кӯшиш менамоям. Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ман бо шогирдон тадбирҳои зиёде андешидаам.  Дар оғози ҳар соли таҳсил барои тамоми чорабиниҳо нақшаи махсус тартиб медиҳам. Ороиши саҳни литсей, даромадгоҳ, долон то кабинети таълимӣ, чун муаллимаи фанни технология ҳастам, ба уҳдаи ман ва як гурӯҳ муаллимон, ки ба ҳайати иттиҳодияи методии ҳунарҳои зебо шомиланд, гузошта шудааст.  Барои иҷрои чунин супоришҳо ман гурӯҳи шогирдонеро омода намудаам, ки ҳар кадоме аз онҳо вобаста ба истеъдод ва лаёқаташон кореро ба уҳда доранд. Барои истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ гурӯҳи шогирдон рамзҳои давлатиро дар матоъ кашидадӯзӣ менамоянд, боқимондаҳо бо дӯхтани муҳраҳои гуногуни ҷилодиҳанда дар матоъ машғул мешаванд. Дар моҳи сентябр барои гузаронидани ҷашни Меҳргон ҳамроҳи шогирдон сабати пур аз меваю сабзавотро кашидадӯзӣ менамоем. Аз пахтаю матоъ образи Бобои деҳқон ва дастёрҳои ӯро, ки ба ғунучини пахта машғуланд, меофарем, аз коғазу ширеш, лаълиҳо омода сохта, онҳоро бо нақшу нигори миллӣ оро медиҳему аз меваю сабзавоти рангоранги дастисохт пур менамоем. Дар моҳи октябр, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар болои матоъ катибаҳоро кашидадӯзӣ менамоем ва атрофашро гулдӯзӣ мекунем. Масалан шеъри ғойиб Сафарзода, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудааст:

Забони модариям, ҷони покам,

Ту бо шир омадӣ дар ҷони покам.

Бупайвастӣ маро бо рафтагонам,

Туӣ, ман зиндаам, бе ту ҳалокам.

Ҳар сол якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Мо бахшида ба он дар рӯйи матоъ “Савганди омӯзгор”- ро кашидадӯзӣ мекунем. Шогирдони дар қаннодӣ ҳунарманд бахшида ба ин рӯзи саиди муаллимон кулчақандҳои гуногунранг омода месозанд, ки ифодаи миннатдорӣ ва ифтихори онҳо аз устодон мебошад. Дар моҳи ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсия китоберо, ки дар рӯйи он Нишони давлатӣ ва навиштаҷоти “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ гардидааст, рӯйи матоъ кашидадӯзӣ мекунем. 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ васеъ қайд менамоем. Ман зодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бошам ҳам, хешро чун як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз меҳисобам, ҳатто ба ман муяссар гардидааст, ки дар вақти ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба литсей бо эшон рӯ ба рӯ суҳбат намуда, ин Ватан ва миллати бузургро бо тамоми санъати ниёгонаш бо забони ноби тоҷикӣ муаррифӣ намоям. Мо гӯшаи махсусро дар литсей бахшида ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода намудаем. Дар рӯйи матоъ шеъри Абдуллои Раҳнамо аз тарафи шогирдон кашидадӯзӣ гардидааст:

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нур аст.

Қадамаш хуррамию ободӣ,

Ватанаш нуру кишвараш нур аст.

Ҷашни Наврӯз дар литсей бо иштироки меҳмонон, волидон ва устодону шогирдон қайд карда мешавад. Наврӯз барои эҳё, ҳифз ва паҳн кардани ҳунарҳои мардумӣ домани васеву фарох дорад, бахусус, барои инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии халқ ва муаррифии ҳунарҳои воло ба ҷаҳониён мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар сол бо шогирдон дар омода намудани он таомҳои миллӣ, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, саҳм мегузорем, инчунин, дар бораи омода намудани якчанд намуди ҳалво, суманак, нон, фатир, кулчақанд шогирдон маълумоҳо ҷамъоварӣ намуда, барои дар амал татбиқ шудани он кӯшиш менамоянд. Дар оростани майдони идона аз сӯзаниҳои дастӣ, попурӣ, либосҳои гуногуни қадимаи идонаи мардона, занона, тоқӣ, миёнбанд, аслиҳаҳо аз қабили шамшер, корд, сипар, ҷавшан, кулоҳи мисӣ, пойафзолҳои аскарӣ, зарфҳои сафолӣ, мисӣ, асбобҳои кишоварзии чӯбӣ, оҳанӣ, ки оҳангарон омода намудаанд ва ҳамаи онҳо, ки аз фарҳанги бойи ниёгон дарак медиҳанд, истифода мебарам, ки дар ҷамъоварӣ намудану ҷо ба ҷо гузоштани онҳо шогирдон, устодон ва кормандони техникии литсей мадад мерасонанд. Ҳамзамон, барои боз ҳам зебо шудани намоишгоҳи идонаи наврӯзӣ намунаи ҳунарҳои ниёгон, ки аз тарафи шогирдони алоҳида ё гурӯҳи онҳо омода мешавад, аз қабили қолинбофӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, кешбофӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ ва ғайраҳо ҷой медиҳам. Нақши ҳунаромӯзӣ дар чорабиниҳои беруназсинфӣ хеле бузург аст, зеро он боиси афзудани завқи эстетикӣ, малакаю маҳорати шогирдон мегардад. 

 

Севил МАМЕДОВА,

омӯзгори литсейи Президентӣ

дар шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш