Нашрияи Омӯзгор

Иди хуҷаста

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 115        Шарҳ: 0

 

Ҷашни Наврӯз солиёни зиёде пеш аз Зардушт низ баргузор мегардидааст, аммо дар сарчашмаҳои бостонӣ қариб ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз донистаанд. Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз вобаста бо барпо гардидани аввалин шаҳри эрониён - Истахр маълумот дода, аз ҷониби Каюмарс, Ҷамшед ва шоҳони баъдина идома ёфтани сохтмони ин шаҳрро зикр намуданд.

Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулук-ул-арз ва-л-анбиё», ки таълифаш 350 ҳ.қ. сурат гирифтааст, дар бораи подшоҳии Ҳушанги пешдодӣ ва ба тахти Истахр нишастанаш гуфтааст: «вай аввалин касе буд, ки ба подшоҳӣ бархост ва дар Истахр бар тахт нишаст. Ва аз ин рӯ, Истахрро сарзамини шоҳ хонанд». Инчунин, ин муаллиф дар сарчашмаи ёдшуда дар асоси ақидаҳои куҳани эрониён дар бораи таърихи мардумони эронитабор мегӯяд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршед, моҳ, ситорагон ва замин дар рӯзи аввали моҳи фарвардин, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.

Мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, баракату фаровонӣ бар онҳо бармегардад, аз бадбахтӣ раҳоӣ меёбанд. Ҷамшед низ ба назди мардум боз меояд. Дар чунин рӯзи фархунда мисли офтоб намудор мешавад ва нур аз ӯ метобад. Мардум аз тулӯи ду хуршед дар ин рӯз хушнуд гардида, ҳар дарахте, ки хушкида буд, сабзид. Нисбат ба ин ҳолат мардум мегуфтанд, ки «Рӯзи нав» омад.

Мардум бо хушнудӣ дар таштҳо ҷав месабзониданд. Ин расм дар байни мардумон ҳанӯз пойдор аст, ки то ҳол дар арафаи Наврӯз гандум месабзонанд ва аз он  суманак омода мекунанд.

Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хосса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамем Бо ибтикор ва дастгирии Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷам ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Аз ин рӯ, Наврӯзи даврони  истиқлол бар шукӯҳу ҷалоли худ боз як неруи хосе зам намуд. Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз  он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Тавре ки шоире менигорад:

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,

Базми висолу ғунчаи хандон ғанимат аст.

Бо қомати хамида равам сӯи бӯстон,

Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.

Воқеан ҳам, Наврӯз аз бузургтарин идҳои халқи мо ва ҷаҳониён буда, моро ба шодмониҳои заминию кайҳонӣ мерасонад ва инсон дар ин гузаргоҳи зиндагӣ аз ин суннати волои ниёгони худ баракат ва шарофату саодат меёбад.

 

Назар Баҳрулло


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш