Нашрияи Омӯзгор

Ҷумла ҷаҳон гашт муаттар

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Яке аз ҷанбаъҳои муҳими таълими муосир зарурати пайваст намудани дониши хонандагон бо дунёи воқеӣ ва ҳаёти имрӯза мебошад. 

Азбаски пайдоиши Наврӯзро ба аҳди Ҷамшед мансуб медонанд, онро баъзан «Наврӯзи Ҷамшедӣ» низ мегӯянд. Дар асоси  маълумоти Авесто давраи ҳукмронии Ҷамшед ҳамчун давраи тиллоӣ пазируфта шудааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ мардум дар ин давра зиндагии серу пур дошт, мавҷудоти зинда маҳв намешуд, буттаю дарахтон, гулу себаргаҳо хушк намешуданд, мардумон пир намешуданд ва дар ниҳодашон бухлу кина ва адовату нотавонбинӣ мавҷуд набуд.

Ба ақидаи Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷамшед фосилаи байни кӯҳҳои Дамованд ва Бобулро дар як рӯз бартараф намуд ва мардумро дар ҳайрат гузошт. Ин ҳодиса дар рӯзи якуми моҳи фарвардин ба вуқӯъ омад ва чунин муъҷизаро дида, ин рӯзро мардум Наврӯз номиданд ва ҳамасола онро бо тантана ҷашн мекарданд.

Баъзе муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки имом Ҷаъфари Содиқ бар чунин ақида будааст: «Инсон дар оғози моҳи Фарвардин пайдо шудааст ва ин рӯз барои расидан ба орзуҳо, инчунин, барои мулоқот бо подшоҳон, оғози илмомӯзӣ, оиладоршавӣ, сайру саёҳат ва машғул шудан ба тиҷорат рӯзи бобарор шуморида мешавад. Дар ин рӯз беморон худро беҳтар эҳсос мекунанд, таваллуди фарзанд осон мешавад, шахсе, ки дар ин рӯз ба дунё меояд, бояд хушбахт бошад».

Дар давраи Сосониён чунин анъана ҷой дошт, ки шабҳои 21-22 март дар тамоми хонаҳо оташи муқаддас афрӯхта мешуд. Ин анъана дар баъзе деҳаҳои Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон имрӯз низ идома дорад. Дар рӯзи Наврӯз субҳгоҳон аз қасри подшоҳ уқоби сафедро ба озодӣ сар медоданд, ки ин маънои озодӣ ва хушбахтии мардумро дошт. Маҳз дар ҳамин рӯз маҳбусонро озод карда, гуноҳҳояшонро мебахшиданд. Одамон ба хонаи якдигар ба меҳмонӣ рафта, ба якдигар ширинию ҳар гуна туҳфаҳо инъом мекарданд.

Таҷлили Наврӯз дар даврони Сомониён ва баъд аз он густариш ёфт. Мардум ба пешвози рӯзи нав, оғози соли нав тайёрии хоса медиданд ва мебинанд. Бо шинонидану сабзондани суманак, тозаю озода кардани  хонаю дар, орою торо додани маҳалли зист, нав кардани сару либос ва ҷиҳози хонадон, омода намудани таомҳои болаззату шириниҳои гуногун эҳтирому садоқаташонро ба Наврӯз муайян мекунанд.  

Аҷнабиён Наврӯзро мамнӯъ ва ҷашн гирифтани онро куфр эълон карда буданд, вале шукр, ки барои мардуми ориётабори мо Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин ҷашн боқӣ монд, ҳифз гардид ва маҳбубияти бештареро касб намуд.

Мардуми поктинату бофарҳанги тоҷик дар омодагӣ ба ин ҷашн  ҳанӯз ҳафтаҳо қабл аз фарорасиаш бо қалбу рӯҳи болида табақҳоро пур аз гандум карда, онро месабзонанд, суманак мепазанд, хонаҳоро тозаю покиза мекунанд, дастархони идона ороста, либосҳои нав ба бар мекунанд ва бо ҳазор орзую омоли наҷиб ба  истиқболи Наврӯз мебароянд.

Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз бо шукӯҳи шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Наврӯзро бо афкору пиндори тоза, бо ибтикору тозакориҳои нав ва иқдомҳои оламшумулаш ҷашн мегиранд.

Бибиҳаво Шарофова,

директори мактаб-интернати

ҷумҳуриявии низомаш махсуси

шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш