Нашрияи Омӯзгор

Ситоишгари бузургҷашн

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 112        Шарҳ: 0

 

Аксари омӯзгорони мактабҳо дар баробари вазифаи асосиашон – баргузор намудани дарсҳо аз фанҳои дахлдор ба фаъолияти дигар – роҳбарӣ ба синфе низ машғул мешаванд. Роҳбари  синф будан аз омӯзгор  масъулияти бештаре тақозо мекунад.

Дар ин вазифа ӯ бояд, пеш аз ҳама, аз умдатарин масоили педагогикаю психология, аз забону адабиёт ва аз сиёсатшиносӣ ба дараҷаи муайян огоҳ бошад. Як самти фаъолияти роҳбари синфро корҳои тарбиявӣ ташкил медиҳанд. Тадбирҳои тарбиявӣ ҳамон вақт судманду натиҷабор мешаванд, ки муассиру фарогир, шавқовару таваҷҷуҳбарангез бошанд. Дар шумори тадбирҳои дигар, роҳбари синф дар тарбияи хонандагон бояд аз имконоти санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо васеъ истифода намояд. Аз ин лиҳоз, таҷлили ҷашни Наврӯз дар синф ба аҳамияти зиёд молик аст. Ба ин васила, шогирдон ҳам фароғату истироҳат менамоянду ҳам дар бораи ҷашни Наврӯз маълумоти гуногун ба даст меоранд ва ҳам аз нуктаву ҳикмату абёту маросими наврӯзӣ ҳикматпазирӣ мекунанд. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар синф бо ҳидоятгарию барномарезии ҳадафмандонаи роҳбари синф ба тарбияи фарҳангдӯстӣ, зебоипарастӣ ва ифтихори миллии хонандагон мусоидат менамояд, онҳоро ба амиқ омӯхтани анъанаҳои миллӣ ҳидоят месозад. Мо, омӯзгорони математика, ифтихормандем, ки яке аз риёзидонҳои машҳури тоҷик, шоир ва мутафаккири беназир Умари Хайём бо унвони «Наврӯзнома» асари барҷастае навиштааст, ки то имрӯз аҳамияти басо муҳим ва эътирофи ҷаҳонӣ дорад. Дар бораи ин асари шуҳратёр, ки бо забони ноби тоҷикӣ эҷод шудааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Суннатҳо ва ҳикматҳои Наврӯзро мардуми фарҳангофарини мо асрҳои аср ҳифз карда, аз насл ба насл мерос гузоштаанд. Бузургону алломаҳои мо ҳар як тобиши гавҳарии ин ҷашни бостониро дар навиштаҳои гаронбаҳои худ то ба имрӯз зинда доштаанд. Дар ин миён асари безаволи донишманди бузурги миллат риёзидону ситорашинос, рубоисарои нотакрор, ҳаким Умари Хайём «Наврӯзнома» манзалати хос дорад. Хайём ин асарро чанд аср пеш аз ин ба муҳаббату садоқат иншо намудааст, то дар ибтидои асри XXI ҷаҳонишавии Наврӯзро бо забони беғубори модарӣ барои ҳамаи мо табрик гӯяд».

Дар заминаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ба ифтихори ҷашни Наврӯз баргузор намудани дарси тарбиявӣ аз ҷониби роҳбари синф амали хеле манфиатбор хоҳад буд. Тантанаву маҳфилҳои дигари синфию мактабӣ ва беруназмактабӣ маълумоту таассуроти хонандагонро оид ба ин ҷашни бузургу зебову ҷовидонии миллат такмил хоҳанд бахшид.

Дар ниҳоят, боз ҳам таъкид менамоем, ки роҳбари синф будан дар мактаб аз омӯзгор дониши ҳаматарафа, омӯзиши мунтазам ва ташаббускорию ибтикороти рангинро тақозо дорад.

 

Муҳаббат РАҲМОНОВА,

омӯзгори математикаи

коллеҷи ҷумҳуриявии

хореографии

ба номи М.Собирова


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш