Нашрияи Омӯзгор

Ҳунар – ганҷи нодир ва тамомнашаванда аст

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 110        Шарҳ: 0

 

Як омили хубу амиқ аз худ кардани мавзӯъҳои таълимӣ аз фанни технология дар мактабҳо таълифи китобҳои дарсии пурмуҳтаво ҳам барои гурӯҳҳои писарона ва ҳам духтарона ба шумор меравад. Тавре огаҳӣ дорем, солҳои пеш (алалхусус, даврони Шӯравӣ) ин гуна китобҳои таълимӣ мавҷуд набуданд ва ин омил ҳосил кардани донишҳои назариявиро дар хусуси истифодаи асбобу анҷом, таҷҳизоту дастгоҳҳо, кор бо техникаи барқӣ ва амсоли ин душвор мегардонд. Хушбахтона, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳои таълимӣ аз фанни технология (таълими меҳнат) дастуру барномаҳо ва китобҳои таълимӣ таълиф гардиданд. Омӯзиши амиқу огоҳмандонаи технология  ба майлу таваҷҷуҳ пайдо кардани хонандагон ба ину он касбу ҳунар ва пешаҳои мардумӣ мусоидат мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «ба як мард чил ҳунар кам аст». Аз ин рӯ, имрӯз дар машғулиятҳои илова аз технологияи меҳнат шогирдони мо ба сохтани ҳар гуна асбобҳои рӯзгор, чумчаю кафлес, тарошидани табақҳо аз чӯби дарахтони гуногун машғул мешаванд. Духтарон бошанд, ба гулдӯзӣ, зардӯзию қуроқдӯзӣ ва дигар анвои ҳунари дӯзандагӣ машғул гардида, дар озмунҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд.

Намунаи ҳунарҳои дастии шогирдон дар гӯшаи махсус дар кабинети таълими меҳнат ҷой дода шудааст. Шавқу рағбат ва майлу таваҷҷуҳи духтарону писаронро ҳангоми иҷрои дарсҳои амалӣ аз технологияи меҳнат мушоҳида намуда, аз он хушҳолу рӯҳбаланд мегардем, ки аз байни шогирдони мо оянда ҳунармандони чирадасту моҳир ба камол хоҳанд расид ва дар рушду пешрафти ҷумҳурии азизамон саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

 

Мақсуда Меликова,

омӯзгори мактаби №41,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш