Нашрияи Омӯзгор

Каҷниҳоду каҷамал

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 127        Шарҳ: 0

 

Мусаллам аст, ки дар ҳар як давру замон гурӯҳҳои бадхоҳ ва авомфиреб бо аҳдофи нопоки худ нақши баде дар ҷомеа мегузоранд. Хушбахтона, аксаран тири ин каҷбинон хок мехӯрад. Баъд аз пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Ватани маҳбуби мо гурӯҳҳои мухолифин баҳри мансабу минбар кишвари ободро ба чанги зиддиятҳо кашиданд. Яке аз ин гурӯҳҳо ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳисоб мерафт. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ин ҳизби ҳангомаҷӯй бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии худ пинҳону ошкор ба ҳангомасозӣ ва ба мағзшӯии ҷавонон шурӯъ намуд.

Пӯшида нест, ки дар мадрасаю мактабҳои динӣ ҷавононро ба ҳар усул ҷалб намуда, барои пайравӣ ба мазҳаби бегона таълимоти динӣ медоданд. Аслан дини мубини ислом дар ягон давру замон ҳизб надошт ва василаи сиёсӣ низ мавриди истифодабарӣ қарор нагирифтааст, вале ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ бар хилофи ин нуктаи маълум амал намуда, ба ҳизбсозию  тахрибкорӣ даст зад.

Ҳизби наҳзати исломӣ ҳоло дар феҳристи гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ ё ин ки террористию экстремистӣ ҷой  гирифтааст.

Аъзои ин ҳизби фирорӣ бо ҳилаю найрангҳои хоинона мехоҳанд, фазои солими моро носолим гардонанд. Ҳамеша муқаддасот ва арзишҳои волои миллиро қатъи назар намуда, ба туҳмату иғво мегараванд.

Мақсади аслии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат дар миёни одамон мебошад. Ҳодисаҳои мудҳише, ки сар заданд ва боиси нооромии вазъият дар ҷумҳурӣ гаштанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Душманони миллат дар зери шиорҳои бофтаву хоинона бо амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват ба ҷиҳод намуда, амалҳои бади худро ба «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд, бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан ва арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро пос доштан ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллист.

Маъруф АШӮРОВ,

ходими илмии АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш