Нашрияи Омӯзгор

Зиёрати оромгоҳи шоир

Сана: 2020-03-19        Дида шуд: 144        Шарҳ: 0

 

Пас аз ду соату сӣ дақиқаи парвоз тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Деҳлӣ ба Ҳиндустон расидем. Ҳадаф аз ин сафар тамошои мавзеъҳои зебоманзару таърихии ин кишвар ба шумор мерафт.

Нахуст ба макони таърихии ин шаҳри афсонавӣ, оромгоҳи сухансарои бузурги форсизабони Ҳинд, Абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил омадем. Манзили ин алломаи сухан дар хиёбони Матҳура, рӯ ба рӯи масҷиди Нур - ал - Ислом ҷойгир аст. Ин манзил дар ибтидо бо номи «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил» дар соли 1935 сохта шудааст. Соли 1955 бо ташаббуси сафири кабири Афғонистон дар Деҳлӣ Наҷибуллохон бо маблағи хайрияе, ки аз зиёиёни Афғонистон ҷамъ шуда буд, мазори Бедил аз нав таҷдид гардида, ба шакли мақбараи начандон бузург дароварда шуд. Дар пештоқи он чунин катиба вуҷуд дорад:

Зи шакар беҳтар Бедил то қиёмат бар

намеоем,

Ба ранги бода манзил кардаем бар ёри

хобида.

Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил 1054 ҳ. қ. - 1133 ҳ. қ. Ин бино дар соли 1374 ҳ. қ. бо ионати дӯстдорони афғонии Бедил ба сар расид”.

 Аслан, дар бораи ин шоири маъруф ҷамъияти Деҳлӣ анқариб чизеро намедонанд. Бо сабаби рӯ ба таназзул овардани нуфузи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар Ҳин-дустон, аз арсаи ҳаёт дур шудани шогирдону пайравони шоир ва ривоҷу равнақи адабиёти урдузабон таваҷҷуҳ ба осори ӯ кам шудааст. Танҳо дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва Афғонистон шуҳрат ва иззату эътибори Бедил афзуда буд.

Оромгоҳи ҳазрати Бедил имрӯз бо номи Боғи Бедил маъруфият дорад, аммо ҳаҷман на он қадар калон аст. Аввалин манзараи ба чашми мо бархӯрда навиштаҷот дар сари мазори ин бузургвор аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо чор алифбо ва панҷ забон навишта шудааст. Қисмати аввали навиштаҷот бо ҳуруфи кириллӣ ва забони тоҷикӣ дар санги мармари сиёҳ ҳаккокӣ гардидааст ва боиси ифтихор ҳам ҳаст, ки аз ҳавзаи мамолики форсизабонон аввалин шуда кишвари мо дар гиромидошти ин шоири ширинкалом таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Матлаби он чунин аст:

Ин гулистон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ

кунед,

Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум

кардааст.

Ба расми қадршиносӣ ва эҳсоси ифтихори бепоён аз паҳно ва жарфои ҷаҳони андеша, маонии борик ва назми баланди шоири оламиён, парвардаи хоки хайрхези Ҳинд Абдулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил, ки сайри таҳаввули адабиёти тоҷику форс аз файзи шеъри малакутии ӯ садсолаҳо бархӯрдор будааст, бо эҳтимоми Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми боздиди давлатӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Абдул Калам ташриф овардааст, 6 августи соли 2006 гузошта шуд ”.

Пас аз зиёрати Боғи Бедил марказҳои таърихии шаҳрро дидан намудем - Қалъаи Сурх (Лал Қила), Дарвозаи Деҳлӣ, Масҷиди Ҷомеъ (Ҷама Масҷид), Манори Қутбнамо (Қутуб Минор), осорхонаҳои Маҳатма Гандӣ, Индира Гандӣ ва Раҷив Гандӣ.

Дар рӯзи сеюми сафар ба иёлати Утар Прадеш омада, аз Тоҷмаҳали афсонавӣ ва Қалъаи Агра (Агра Форт) боздид кардем. Баъдан аз иёлати Раҷистон ва шаҳри Ҷайпур дидан намуда, Қалъаи Амир (Амер Форт) ва қалъаи таърихии Ҳаво Маҳалро тамошо кардем. Аксар ҷаҳонгардони мамолики гуногун ба хотири ҳамин мавзеъҳои бисёр боҳашамат вориди хоки ин кишвар мегарданд. Хусусияти хоси ин мавзеъҳои таърихӣ дар он аст, ки бунёдгузори асосии онҳо мардумони мусулмон будаанд ва аз соири кишварҳои мусалмонӣ, алахусус, аз моварои Хуросони бузург дар бунёди он саҳм гузоштаанд. Аммо аз қавми ғайримусулмон дар ин кишвар танҳо мандирҳо (ибодатгоҳи дини ҳиндуия) чун мавзеи таърихӣ мавҷуд ҳасту халос. Илова бар ин, он мавзеъҳое, ки номбар гардиданд, аз сарчашмаҳои даромад ба буҷаи кишвари Ҳиндустонанд. Танҳо барои вориди Тоҷмаҳал гардидан сайёҳи хориҷиро мебояд 1330 рупия (ба асъори тоҷикӣ 175 сомонӣ) пардохт намояд. Сайёҳони дохилӣ 200 то 500 рупия (26-65 сомонӣ) пардохт менамоянд. Ҳамин ҳолати пардохт бо маблағи камубеш фарқкунанда ба мавзеъҳои дигари номбаршудаи таърихӣ хос мебошад.

Мавзеъҳои сайёҳӣ дар ин кишвар дар мавриди таваҷҷуҳи давлат ва ҳукумат қарор доранд. Аммо қадамҷои бузургони адаб аз мадди назар дур мондааст. Манзури банда мазори ҳазрати Бедил аст. Боғи Бедил алъон дар ҳоли хароб қарор дорад. Номаш Боғи Бедил аст, аммо аз боғ будани он бинанда дар шигифт мемонад, зеро як мавзеи ноободу вайронаеро мемонад, ки партовҳои гуногун атроф ва акнофи онро фаро гирифтаанд. Баробари ворид шудан ба ин макон инсонро эҳсоси хурсандӣ ва ифтихор фаро мегирад. Аммо муҳити атрофи он ба зудӣ касро нороҳат месозад. Бовар дорам, дар ҳеҷ ягон гӯшаи дунё қадамҷои бузургон чунин ҳоли зор надорад. Оромгоҳи ҳазрати Мавлонои Балхиро дар шаҳри қунияи Ҷумҳурии Туркия, Шайх Саъдию Хоҷа Ҳофизро дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар Панҷрӯд, Мир Саид Алии Ҳамадониро дар шаҳри Кӯлоб ва даҳҳо мутафаккиронро дар соири кишварҳои дигар дида, аз ободии онҳо ҳар фардро хурсандӣ фаро мегирад…

Соли 2024 ба мавлуди ҳазрати Бедил 480 сол пур мешавад. Хуб мешуд, ки кишварҳои мухлиси ашъори ин нобиғаи бузург иқдоме пеш гирифта, қадамҷои ӯро обод менамуданд ва хотири ин абармарди суханро пос медоштанд.

Муҳсин ШАРИФОВ,

номзади илмҳои педагогӣ,

дотсенти кафедраи таърих ва

муносибатҳои байнифарҳангии

ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш