Нашрияи Омӯзгор

Афсурдагӣ дар наврасон

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 255        Шарҳ: 0

 

Масъалаи ба ҳолати афсурдагӣ  гирифтор шудани наврасон аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯзаи ҷомеа ба шумор рафта, омӯзиши махсусро талаб мекунад. Зеро наврасон аз ҳисоби қонеъ нашудани талаботи психологӣ-иҷтимоӣ, сарзаниши омӯзгорону волидайн, нокомиҳои фаъолияти таълимию рӯзмаррагӣ ва дар заминаи хусусиятҳои синну солӣ, ки ҳассосӣ ба онҳо хос аст, дучори афсурдаҳолӣ мешаванд. Равоншиносӣ аз ҷумлаи он илмҳое мебошад, ки ба ин масъала эътибори махсус дода, кӯшиш менамояд, ки сабабу омилҳои психологии гирифтор шудан ба ҳолати афсурдагии наврасонро муайян намояд. Чунки афсурдагӣ бемории равонӣ маҳсуб меёбад ва наврас эҳсоси  ғаму андуҳ, нороҳатӣ ва аз даст додани майлу хоҳишҳои худ менамояд. Дар ҳолати афсурдагӣ вокуниши табии бадан ба мушкилоти пешомада ва аз даст додани чизҳо ва касоне, ки ба онҳо алоқа дорад, ба вуқӯъ мепайвандад. Замоне ки ин эҳсоси ғаму андуҳ, ноумедӣ, беарзишӣ ва бечорагӣ бештар аз чанд рӯз ё чанд ҳафта тӯл мекашаду наврас имконияти муошират намудан, ғаму андуҳи худро бароварданро надорад, пас, ба ҳолати афсурдагӣ гирифтор шуда, даст ба амалҳои автоагрессивӣ заданаш имкон дорад.

ҳолати афсурдагӣ ба фикру эҳсос ва ҳиссиёту рафтори наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Наврасони гирифтори афсурдагӣ дар анҷом додани фаъолияти рӯзмарраашон, махсусан, фаъолияти таълимӣ нотавону пассив мешаванд. Ин вазъият боз дубора ҳолати равонии онҳоро бад мекунад. Зеро аз ҳисоби анҷом надодани супоришҳо аз калонсолон сарзаниш мешунаванд. Бадтарин ҳолати афсурдагӣ ин коҳиши майл ба фаъолият аст. Наврасони афсурда  камҳавсала буда, ангезае барои кор карданро надоранд.  Ва чун бо кор накардан имкони муваффақ шудан вуҷуд надорад, пас, шиддати афсурдагӣ бештар мешавад  ва наврасони гирифтор ба ҳолати афсурдагӣ на танҳо аз  манбаъҳои табии ангеза ва лаззат маҳруманд,  балки бо кор накардану хоҳиш надоштан, аз худ норозӣ шуда, ба фикру андеша фурӯ мераванд, ки замина ба амалҳои автоагрессивӣ мешавад. Ба таври дигар гӯем, наврасон дар ҳолати афсурдагӣ ба рафтору гуфтори худ ва атрофиён бетаваҷҷуҳӣ менамоянд.

Агарчи афсурдагӣ дер боз  ба унвони яке аз бемориҳои равонӣ арзи ҳастӣ дорад, аммо дар ду даҳаи охир аз ҳисоби сунъишавии муҳити атроф ва рушди илму техника, ки мушкилии зиёдеро ба миён оварда истодааст, инсонҳо дучори афсурдагӣ шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи мутахассисони соҳа ва ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст. Мутахассисони илми равоншиносӣ  ду даҳаи охирро ба унвони давраи нави афсурдагӣ дар таърихи равоншиносии муосир  ном мебаранд.

Бо баррасии мавзӯи  мазкур  миёни мутахассисони соҳа, пешгирӣ намудан ва дармони бемории афсурдагиро дар наврасону калонсолон ба даст овардан имконпазир аст. Инчунин, ин раванд барои пешрафти ҷамъият аҳамияти калон дорад. Зеро саломатии равонӣ барои зиндагӣ ва фаъолияти инсон нақши бузург мебозад. Бо ин мақсад, бояд равоншиносони амалиро барои пешгирӣ намудан ва расонидани ёрии равонӣ ба шахсони бемориҳои равонидошта, тайёр намудани донишгоҳҳову донишкадаҳо зарур аст

Зафари ҚАЮМ,                                                                          

муҳаррири идораи барномаҳои

сиёсии “Телевизиони Тоҷикистон”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш