Нашрияи Омӯзгор

Сарвати беназири табиат

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 153        Шарҳ: 0

 

Об муъҷизаи воқеии табиат ва тамизкунандаи рӯзгори инсоният аст. Он неруест, ки дунёро ба ҳаракат меорад. Бидуни об инсон наметавонад ҳастии хешро идома бидиҳад. Зиёда аз 70%-и оби дунё барои обёрии  замин истифода карда мешавад. Бояд гуфт, ки об 90% - и вазни растаниро ташкил медиҳад.

Аз китоби «Об аз тилло қиматтар»-и Муллозуҳур Тоҳирӣ хондаам, ки мағзи сари инсон асосан аз об иборат аст, яъне вақте об дар майнаи сар  камӣ мекунад, инсон худро хаста, қаҳролуд, рӯҳафтода, ғамгин ва афсурдаҳол эҳсос менамояд.

Аз рӯи ишораҳои доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ, «Истеъмоли об кори мағзи сари инсонро, ки 75-85%-аш аз об иборат аст, беҳтар мегардонад, об касро аз фарбеҳшавӣ эмин медорад, пеши роҳи фишори хун, саратони рӯда ва дигар бемориҳоро мегирад, аммо дар натиҷаи беобии организм хун ғафс шуда, кори дилро душвор мекунад, ҳамарӯза нӯшидани 5 пиёла об пеши роҳи сактаи дилро мегирад».

Хушбахтона, мо мардуми Тоҷикистон, аз он менозем, ки Ватани мо аз нигоҳи захираҳои обӣ ғанӣ буда, наздики 7 ҳазор пирях, 155 кӯл, ҳазорон дарёю дарёча, садҳо чашмаи маъданӣ ва шифобахш дорад. Пиряхҳои бузурге, ки мо дорем, ба монанди обанборҳои махсусанд, зеро ин пиряхҳо зимистон обро захира карда, дар фасли баҳору тобистон сарф менамоянд, ва ба ҳамин ба серобии дарёҳо ва муътадил ҷоришавии онҳо саҳм мегузоранд. Устод Лоиқ фармуда:

Пиряхҳо – барфҳои кӯҳи мо,

Тоқиҳои сап-сафеди рӯҳи мо.

Интиҳо Ҷайҳуну Сайҳун мешавад,

Тоза мешӯяд ғаму андуҳи мо.

Тоҷикистон ватан ва сарчашмаи обҳои ширин аст, ки дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ баъд аз Русия ҷойи дуюмро мегирад.

Захираи оби сайёраи Замин танҳо 3 дарсад оби ширин буда, ҳамагӣ 1 дарсади он дастрас мебошад. Имрӯз қариб 80 кишвари олам ба мушкилоти оби ширин дучоранд. Мувофиқи пешгӯиҳои олимони соҳа, талабот ба оби ошомиданӣ бештар гардида, аз се ду ҳиссаи аҳолии  ҷаҳон ба проблемаи оби нӯшокӣ гирифтор мегарданд. Тахмин меравад, ки дар соли 2020 талабот ба об бештар меафзояд. Зеро аҳолӣ бо суръат  афзоиш меёбаду дар баробари зиёд гардидани талабот ба об барои истеъмол, инчунин, барои бо озуқа таъмин кардани аҳолӣ иловатан боз 17% бештар об лозим аст.

Аз ин  нишондодҳо бармеояд, ки масъалаи экологӣ яке аз масъалаҳои  муҳими ҷомеаи ҷаҳонист. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша сарватҳои табиӣ, бахсус, обро тозаву озода нигоҳ дорем. Ман, ҳамчун омӯзгор шогирдонамро таъкид мекунам, ки обро беҳуда истифода накунанд, тоза нигаҳ доранд. Дар ҷаҳони муосир об аз нафту ангишт ва дигар намудҳои  сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ арзиши баландтар дорад.

 

Ширинмо Муродова,

омӯзгори география


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш