Нашрияи Омӯзгор

Осори омӯзандаю ахлоқӣ

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 177        Шарҳ: 0

 

Хонандагони бешумори осори Лев Толстой ӯро асосан аз рӯйи романҳои безаволаш мешиносанд. Аммо бояд зикр кард, ки  ӯ муаллифи ҳикояву повестҳои пурмуҳтавою баландғоя низ мебошад, ки дар онҳо инсондӯстию патриотизм, меҳру муҳаббати адиб ба мардуми заҳматкаши рус, ормонҳои волои ватандӯстӣ бо  маҳорату ҳунари нигорандагии олӣ тасвир ва тарғиб карда  шудаанд. Дар ин радиф повести «Марги Иван Илич» ҳамчун  шоҳкори адабиёти рус мавқеи хоса дорад. Дар назари аввал чунин менамояд, ки қаҳрамони асар Иван Илич ҳеч як рафтору кирдори номақбулу ношоистае надорад. Вай ҳамчун додрас (судя) субҳ ба кор мешитобад, парвандаҳои гунаҳкоронро саҳфагардон мекунаду меомӯзад, хулосаву натиҷагирӣ менамояд. Иван Илич аз зиндагии хеш хеле-хеле розиву қаноатманд аст. Ҳамсари хушгилу зебое дорад, баъдтар соҳиби писар ҳам мешавад. Дар тасвири воқеан ҳам ҳунармандонаи Лев Толстой марҳала ба марҳала ҷузъиёти рӯзгори қаҳрамони асари ӯ ошкору  возеҳ мегардад. Оре, Иван Илич зиндагии саодатмандонае дорад, ба ҳеҷ кас кор надорад, вазифаашро аз сидқи дил иҷро мекунад. Вале ин як зиндагии беҳадафона буда, Иван Илич ба дарду шодии атрофиён шарик нест. Ӯ шахсест нисбат ба одамон бетафовут, фурӯ рафта дар ғами зану фарзанду хонадони худ. Толстой  қаҳрамони повесташро ҳамчун шахсе ба тасвир мегирад, ки вай умуман дар бораи марг фикр намекунад. Танҳо ҳангоме ки ин ҳикматро аз китоби фалсафӣ мутолиа мекунад, ба фикр фурӯ меравад. Ҳикмат мегуфт, ки  Кай (инсон) одам аст, одамон бошанд, оқибат мемиранд, пас Кай миранда аст. Ин андешаи ҳакимонаи бар мантиқи қавӣ асосёфтаро Иван Илич ба таври худ маънидод мекард: яъне Кай миранда аст. Марг танҳо ба Кай хос аст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ӯ, ба як додраси хушҳолу хушбахт алоқае  надорад. Чаро вай ин ҳикматро ба таври худ шарҳу тавзеҳ медод? Зеро Иван Илич зиндагии бемоҳияту пучи хешро зери ин ҳикмат пинҳон доштан мехост. Аммо сарнавиштро тағйир додан имконнопазир аст. Боре, ҳангоме ки Иван Илич ба устои  рӯкаши деворҳо чӣ тавр анҷом додани ин амалро нишон доданӣ шуда, ба зинапоя мебарояд, аз ноомади кор аз зинапоя афтида, андаке ҷароҳат мебардорад. Аммо ин дард як умр ӯро думболагир шуда,  оқибат бистарияш месозад.  Иван Илич  беморию дардро ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хотир намеовард, писанд ҳам намекард. Инак, дарди бедаво рӯз аз рӯз шиддат гирифта, ҷонашро ба ҳалқаш меорад. Оқибат вай ба умқи фармудаи ҳикмати хондааш мерасад, ки Кай одам аст, одамон мирандаанд, пас Кай миранда аст. Ӯ, Иван Илич низ ба марг маҳкум шудааст. Марги Иван Илич аз нигоҳи Л.Толстой, марги фардест, ки дар бунбасту танҳоӣ умр ба сар бурда, ба касе дасти ёрӣ дароз накардааст. Зиндагии тиҳӣ аз одамияту инсонгарӣ, накукорию хайрхоҳӣ. Ҳамин хатти сюжет дар повести «Субҳи помешик» низ идома меёбад. Дар «Ҳикояҳои Севастопол» қаҳрамонию матонати сарбозони рус ба муқобили аҷнабиён таҷассуми баланди бадеии худро ёфтааст. Ба эҷодиёти Лев Толстой зумрае аз адибони бузурги ҷаҳон баҳои баланд дода, хусусан, романи «Ҷанг ва сулҳ»-ро нуқтаи олии эҷодиёти ӯ шумурдаанд.

Гулрӯ Раҳматуллоева,

омӯзгори ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш